Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар пасманзари эътирозҳои зиддичинӣ Тоқаев ба Пекин рафт

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар пасманзари эътирозҳои зиддичинӣ дар кишвараш, бо як сафари расмӣ вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.

Вебсайти президенти Қазоқистон навишт, Тоқаев рӯзи 11-уми сентябр бо раиси комиссиюни марказии умури хориҷии Чин Янг Ҷиечӣ дидор кард.

Фаъолон дар шаҳри саркаши Жанаозен давоми чанд рӯз зидди сармоягузориҳои чинӣ эътироз карданд. Онҳоро нафарони дигар дар Алматӣ, Нурсултон ва шаҳрҳои кишвар ҳамовозӣ карда, ба хиёбонҳо баромаданд.

Эҳсосоти мухолифат ба сармояҳои чинӣ баъди он боло гирифт, ки гузоришҳо аз вуҷуди қароргоҳҳои бозтарбияи мусалмонон дар вилояти Шинҷони Чин нашр шуданд.

СММ гуфт, соли гузашта тахминан 1 миллион мусалмон – сокинони бумии уйғуртабори Чин дар “марказҳои зиддитеррористӣ” нигаҳдорӣ шуданд.

Вале мақомот дар Қазоқистон гуфтанд, ки аз нақшаҳои бунёди 55 корхонаи саноатӣ бо сармояҳои чинӣ даст намекашанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳалокати 9 нафар дар ду ҳамла дар Олмон

Шаҳри Ҳанау, Олмон. Шаби 19 феврал, 2020.

Мақомоти интизомии Олмон мегӯянд, нӯҳ нафар дар ҷараёни ду тирандозӣ дар қалёнхонаҳое дар шаҳри Ҳанау дар ғарби ин кишвар кушта ва ҳадди ақал 5 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузориҳои Олмон ба нақл аз пулиси он кишвар мегӯяд, ҳанӯз маълумот ва ҷузъиёти дақиқ ва сабабҳои тирандозиҳо дар даст нест. Шаҳри Ҳанау дар 25-километрии шаҳри Франкфурт ҷойгир аст.

Бинобар гузоришҳо, гумонбарон дар ҳамлаҳо ба ин ду қалёнхона аз маҳал гурехта ва нерӯҳои пулис ба ҷустуҷӯи онҳо рафтанд. Аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" баъдан хабар дода, ки ҷасади яке аз ҳамлавар субҳи панҷшанбе дар манзилаш ёфт шуд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ ва пулис, ҳамлаи нахуст дар "Midnight бар" дар соати 10-и шаб рух дод. Касоне, ки дар атрофи маҳали ҳодиса буданд, садои тирпарониро шунидаанд.

Ҳамлавар ё ҳамлаварон сипас ба мошин савор шуда ва аз маҳал гурехтаанд. Ҳамлаи дувум дар наздикии бари "Arena Bar" рух додааст.

Бинобар гузоришҳо дар наздикии "Midnight ифк" се нафар ва дар наздикии "Arena Bar" панҷ кас ҷони худро аз даст додаанд.

Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз яке аз хабарнигорони худ дар маҳал мегӯяд, пас аз ҳодиса нерӯҳои пулис бо силоҳҳо дар шаҳр ҷобаҷо шудаанд.

Дар миёни қурбониёни Арена бар як зан низ будааст,-хабар медиҳад пойгоҳи хабарии "Билд". "Қурбониён касоне буданд, ки аз солҳо ба ин тараф онҳоро мешинохтем",-гуфтааст писари мудири ин каҳвахона ба хабаргузории Олмон. Ду коргари бар ҳам дар миёни қурбониён ҳастанд, гуфт як мард, ки дар замони тирандозӣ дар кафе ҳузур надошт.

Пулис гуфт, ки яке аз захмиёни ин ҳамла баъдан ҷон бохт. Қаблан гузориш шуда буд, ки панҷ тан ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Олмон тайи солҳои ахир саҳнаи бархе ҳамлаҳои хунин будааст. Аз ҷумла дар ҷараёни ҳуҷуми як мошини борбар ба мардум дар як бозорчаи кресмес дар Берлин дар чаҳор соли пеш, 12 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Як паноҳандаи 23-солаи покистонӣ бар ин робита боздошт шуд.

Барканории Афзалшоҳ Шодиев аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ

Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик.

Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик аз мақоми роҳбари Филармонияи давлатӣ барканор шудааст. Ин овозхон мегӯяд, хурсанд аст, ки давоми панҷ сол дар ин мақом кор кард. Фармони барканории Афзалшоҳ Шодиев субҳи 20-уми феврал аз сӯи Зулфия Давлатзода, вазири нави фарҳанг содир шуд.

Шодиев давоми панҷ сол Филармонияи давлатии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Ба ҷойи ин овозхони шинохта, Кароматулло Раҳимзода роҳбари Филармонияи давлатӣ таъйин шудааст. Раҳимзода то ин вақт директори мактаби мусиқии Миратулло Атоев буд.

Як мақом дар Шуъбаи кадри Вазорати фарҳанг дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби барканории Афзалшоҳ Шодиев "ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда" мебошад.

Афзалшоҳ Шодиев рӯзи 20-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо сари баланд кор кардам, обод кардам, мардум аз ман розӣ, кормандон розӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ розӣ, фахр мекунам, ки панҷ сол инҷоро обод кардам".

Афзалшоҳ Шодиев моҳи августи соли 2014 раиси Филармонияи давлатӣ эълон шуд. Саидбухорӣ Маҷидов, раҳбари пешини ин идора баъд аз эълони барканорияш бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Барканории Афзалшоҳ Шодиев дар ҳолест, ки соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Вазорати фарҳанг хоста буд, дар Филармонияи давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварда, нафари огоҳ аз сиёсатро ба роҳбарии он таъйин кунад.

Аммо ҳоло масъулини Вазорати фарҳанг мегӯянд, барканории Афзалшоҳ Шодиев ба ин нома дахл надорад ва танҳо "ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда мебошад".

Филармонияи давлатии Тоҷикистон яке аз маконҳои аслии баргузории консертҳо дар шаҳри Душанбе аст.

Дар Қазоқистон баъди ҳаводиси Кордай наздики 90 парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Муовини аввали вазири умури дохилии Қазоқистон мегӯяд, баъди беназмиҳо дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбил наздики 90 парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Чанд парвандаи ҷиноии дигар дар робита ба итоат накардан ба корманди милиса, латукӯби солхӯрдаҳо ва дигар қонуншиканӣ боз шудааст.

"Ҳамарӯза шумораи парвандаҳо афзоиш меёбад, зеро ҳолатҳои нав ошкор мешавад",-гуфт Кожаев. Вай афзуд, "садҳо одам" бозпурсӣ шудааст ва шумори умумии боздоштшудаҳо дертар хабар дода мешавад.

Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳаводиси 7 феврали деҳаҳои ноҳияи Кордай мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулодда дар ин ноҳия кард.

Мақомот мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7 феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Бино бар нақли сокинон, он шаб садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд.

Дар натиҷаи ин занозанӣ 11 кас кушта ва садҳо нафар бо шумули 17 корманди пулис захмӣ шуданд.

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ 17 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мён Бак ба додгоҳ ҳозир мешавад. 19 феврал, 2020.

Додгоҳи баррасии шикоятҳои Сеул президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Лӣ Мён Бакро бо ҷурми фасодкорӣ 17 сол зиндонӣ кард. Сиёсатмадори 78-солаи кориягӣ дар гирифтани ришва ва дуздии пулҳои буҷа айбдор дониста шуд.

Вай пештар дар доираи ин парванда 15 сол зиндонӣ шуда буд, вале ба иллати вазъи бади сиҳатӣ бар ивази гаравпулӣ озод гашт.

Лӣ Куриёи Ҷанубиро солҳои 2008 - 2013 раҳбарӣ карда, севумин президенти ин кишвар аст, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Додгоҳ гуфт, Лӣ ҳангоми президентияш амалан соҳиби ширкатҳое буда, ки ба номи бародараш сабт шуда, қисмҳои эҳтиётии мошин истеҳсол мекардаанд. Ӯ дар рушди тиҷорати худ аз мақомаш низ истифода кардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Лӣ 23 соли зиндон талаб карда буд. Сиёсатмадор айбҳои эъломшударо рад мекунад. Ҳоло ӯ аз озодӣ бар ивази гаравпулӣ дубора ба зиндон интиқол дода шуд. Ҳамтои пешини ӯ Но Му Хён баъди як соли истеъфо додан ва айбдор шуданаш ба фасодкорӣ худкушӣ кард. Президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ баъд аз Лӣ - Пак Кин Хе низ бо ҷурми фасод дар зиндон аст.

Вазъи сиҳатии Отамбоев дар боздоштгоҳ бад шудааст

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Замир Жоошев, вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мегӯяд, вазъи сиҳатии шахси зери ҳимояи ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии ин кишвар бад шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Отамбоев дар вохӯрии 18 феврал аз поин рафтани фишораш шикоят кардааст. "Ӯ шикоят кард, ки фишораш то 76/60 поин рафтааст. Ин нишондод ҳафтаи гузашта 90/60 буд. Табибон ҳар рӯз фишори ӯро санҷида, ба мо хабар медоданд. Вале вақтҳои ахир аз мо пинҳон медоранд",-изҳор дошт Жоошев.

Вакили дифои Отамбоев гуфт, табибони мустақил гуфтаанд, ин гуна поинравии фишор сактаи мағзӣ, қалбӣ ё оқибатҳои ғайричашмдошти дигареро дар пай хоҳад дошт.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Трамп гуфт, бунёдгузори WikiLeaks-ро бо чӣ шарт афв хоҳад кард

Бунёдгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанж. 19 декабр, 2020.

Президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки агар бунёдгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанж гӯяд, Русия дар ҳамла ба компютерҳои Ҳизби демократи Амрико дар давраи интихоботи президентии соли 2016 даст надорад, ӯро афв хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои Бритониё бо истинод ба вакили дифои Ассанж дар додгоҳи Лондон хабар доданд.

Пештар дар тафтишоти ба раҳбарии додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер гуфта шуд, ки дар ҳамла ба компютерҳои Ҳизби демократ ҳакерҳои рус даст доранд. Онҳо гӯё мехостанд, эътибори рақиби демократи Трамп - Ҳилларӣ Клинтонро поин баранд ва пирӯзии Доналд Трампро таъмин созанд. Москва ин иддаоро рад мекунад.

Расонаҳо изҳороти Трампро пеш аз баррасӣ шудани масъалаи истирдоди Ассанж аз Бритониё ба ИМА дар додгоҳ нашр карданд. Вакилони дифоъ исрор доранд, ки Ассанж набояд ба Амрико истирдод шавад, зеро парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Амрикоиҳо ӯро ба дарёфт ва нашри ғайриқонунии садҳо ҳазор санади махфӣ айбдор мекунанд ва ба вай то 175 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳимоятгарони Ассанж гуфтанд, Трамп пешниҳоди худро ба воситаи конгрессмени пешини ҷумҳурихоҳ Дана Рорабахер ба ӯ расондааст. Интизор меравад, Рорабахер рӯзҳои наздик бо бундёгузори WikiLeaks дар зиндони Лондон вохӯрад.

Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард. Мақомоти Эквадор моҳи апрели соли гузашта ҳаққи паноҳандагии Ассанжро бекор карда, вайро ба мақомоти Бритониё супурданд. Ҳоло ӯро барои нақзи қоидаҳои раҳоӣ бар ивази гаравпулӣ 50 ҳафта ба ҳабс гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи истирдодаш ба ИМА баррасӣ мешавад. Шветсия низ қасд дорад истирдоди Ассанжро талаб кунад.

Моҳвораи Туркманистон бозпахши телевизионҳои Узбекистонро қатъ кард

Акс аз бойгонӣ.

Моҳвораи туркмании TurkmenÄlem 52E / MonacoSat сар аз рӯзи 10 феврал бозпахши даҳҳо шабакаи телевизионии Узбекистонро қатъ кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Туркманистон хабар медиҳанд.

Миёни шабакаҳо телевизионҳое амсоли "Узбекистон" ва "Узбекистон 24", "Ёшлар", "Кинотеатр", "Тошканд", "Болажон" "Спорт" ва ғайра ҳастанд.

Мақомоти Туркманистон сабабҳои чунин тасмимро шарҳ намедиҳанд, аммо ба навиштаи расонаҳо, қатъшавии пахши мавҷи шабакаҳои Узбекистон ба намоиши филми дар Туркманистон мамнуъи "Шабаҳи шаш" рабт дорад, ки аз сӯи шабакаи телевизионии Sevimli TV -и Узбекистон нишон дода шуда буд.

Филми мазкур ба далели шабеҳ будани сюжааш ба воқеиятҳои Туркманистон дар ин кишвар мамнуъ эълом гардид.

Баъди таҳия ва намоиши филми амрикоии "Шабаҳи шаш" мақомоти Туркманистон ба тарғиби зидди Амрикову Аврупо шуруъ карданд.

Туркмен Алем 52Е / MonacoSat - нахустин маҳвораи туркманӣ аст, ки аз сӯи ширкати фаронсавии Thales Alenia Space сохта шудааст. Ин маҳвора як қисми Осиёи Марказӣ ва Аврупоро фаро мегирад. Маҳвораи мазкур соли 2015 ба фазо бароварда шуд.

Филми "Шабаҳи шаш" дар моҳи декабри соли 2019 ба намоиш даромад. Қаҳрамони филм - сарватманди амрикоӣ зидди диктатори кишваре бо номи Туркистон мубориза мебарад.

Расонаҳо: Эрон ду ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро тасдиқ кард

Аз акс "Ассошиайтед Пресс"

Хабаргузории нимарасмии ИСНО рӯзи 19-уми феврал гузориш дод, ки мақомоти Эрон ду ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус (COVID-19)-ро тасдиқ карданд.

ИСНО аз қавли мансабдори Вазорати тандурустии Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур овардааст, дар давоми ду рӯзи охир "баъзе ҳолатҳои эҳтимолии нави коронавирус пайдо шуданд".

Ҷаҳонпур гуфта, ки ин ду ҳолати тасдиқшуда дар вилояти марказии Қум ошкор шудааст. Вай гуфт: "Санҷишҳои баъдӣ идома доранд ва пас аз ниҳоӣ шудан ба мардум пешниҳод карда мешаванд. Гурӯҳҳои тиббӣ дар Қум ҷойгир шуданд ва шахсони гумонбаршуда дар карантин мебошанд."

Эрон барои назорати паҳншавии эҳтимолии вирус дар фурудгоҳҳои худ чораҳои бехатариро ба роҳ мондааст.

Вируси нав дар Чин моҳи декабри соли 2019 пайдо шуд. Аз он вақт то ба ҳол дар саросари ҷаҳон тақрибан 75 000 одам гирифтори вируси нав шуданд.

7 миллион евро: Тоҷикистону GIZ созишномаи содда кардани расмиёти савдоро имзо карданд

Завқӣ Завқизода ва Сабина Олтхоф. Акс аз https://medt.tj/

Рӯзи 19-уми феврал GIZ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон созишномаеро доир ба соддагардонии расмиёти савдо имзо карданд. Созишномаро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Сабина Олтхоф, мудири GIZ имзо карданд.

Дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, созишнома бо мақсади соддагардонии расмиёти савдо ва транзит, такмили низоми мудирияти савдо дар марз, ҷалби бахши хусусӣ дар раванди қабул намудани қарорҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо ва дигар масоил равона гардидааст.

Маблағи умумии созишнома 7 миллион евро муайян шудааст ва 4 кишвари Осиёи Миёна - Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро фаро мегирад. Мӯҳлати иҷрои созишнома аз замони имзо шуданаш то соли 2023-ро дар бар мегирад.

Созмони GIZ аз соли 1995 дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Ҳадафи фаъолияти худро дар Тоҷикистон созмон кумак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар мегӯяд. Айни замон ин созмон дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистон идораҳои худро дорад. Моҳи июни порсол ин созмон гуфт, ки дар ин сохтор дар Тоҷикистон 77 корманди маҳаллӣ, 12 корманди байналмилалӣ ва 6 мушовир фаъолият мекунад.

Муроҷиати ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров ба мақомот аз дохили зиндон

Фаъоли ҳуқуқи башар Азимҷон Аскаров, ки ба зиндони абад маҳкум шудааст, ба унвонии раҳбарияти Қирғизистон, сохторҳои ҳифзи қонун ва Додгоҳи олӣ муроҷиат кард. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 19 феврал навишт, ки дар ин номааш Аскаров мегӯяд, ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон парвандаи ӯро «баёнгари нотавонии мақомот» арзёбӣ мекунанд. Дар номаии бози Аскаров гуфта мешавад, «барои ҳеҷ кас пинҳон нест, ки ҷараёни таҳқиқи парвандаи ман як сохтакорӣ буд ва ба манфиати кормандони милисаи ноҳиявӣ таҳия шуд». Маълум нест, ки муроҷиати Аскаров кай навишта ва ба мақомот ирсол шудааст.

Аскаров дар ин муроҷиаташ гуфтааст, ки далели гунаҳгор будани ӯ «несту набуд». Инчунин ӯ ба нақзи қонун дар ҷараёни боздошт ва таҳқиқи парвандааш ишора карда гуфтааст, ки шиканҷа шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ба ҷараёни таҳқиқи парвандааш раҳбарияти собиқи ин кишвар дахолат мекард. Дар қисми ниҳоии муроҷиати Аскаров, ки аз 10 саҳифа иборат мебошад, таъкид шудааст: «Мехоҳам бигӯям, ки мардуми Қирғизистон бояд донад, ки виҷдони ман дар пеши Худову мардум ва қонун пок аст».

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як фаъоли ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Он замон созмони Amnesty International гуфт, ки “мақомоти Қирғизистон бори дигар нисбат ба ҳуқуқи бунёдии инсон хунукназарӣ зоҳир карданд”.

Қарор аст 25 феврал Додгоҳи олии Қирғизистон бар асоси далелҳои тоза ошкоршуда дар қазияи Аскаров бозбинии парвандаи ӯро шурӯъ кунад.

Узбекистон 13 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро озод кард

Марзбони Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Ботканд. Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи музокироти намояндагони марзбонии Узбекистону Қирғизистон, ҷониби Узбекистон 13 шаҳрванди рӯзи 19 феврал дар марз боздоштшудаи Қирғизистонро озод карда ба ватанашон баргардонид. Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон изҳорот дод. Марзбонҳои Узбекистон шаҳрвандони кишвари ҳамсояро барои убури ғайриқонунии марз дар маҳаллаи Чекелики ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд боздошт карданд. Марзбонии Қирғизистон гуфт, ки ин нафарон марзро тасодуфан дар маконе убур карданд, ки дар он хатти ҷудокунандаи марз вуҷуд надошт. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудаҳо ба Қадамҷой аз вилояти Талас барои ширкат дар мавъизахонӣ рафта буданд.

Блогери узбекро барои танқиди фурӯши арақ дар назди масҷид латукӯб карданд

Акси Отабек Нуриддинов аз саҳифаи ӯ гирифта шудааст

Дар Узбекистон соҳибони як фурӯшгоҳи нӯшокиҳои спиртии ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон 18 феврал блогер Отабек Нуриддиновро шадидан латту кӯб кардаанд.

Блогери узбек дар Фейсбук навишт, ки ӯро ба хотири як навиштааш дар бораи фурӯши машрубот дар назди масҷиди ба номи Холид ал-Валиди ноҳияи Асака латукӯб ва лабу даҳонашро хуншор кардаанд. Санҷиши ҳодиса оғоз шудааст.

Модари блогер Матлуба Қурбонова гуфт, писараш 18 феврал ба ташхиси судӣ-тиббӣ муроҷиат кард ва табибон сатҳи зарари ҷисмонии вайро "вазнин" арзёбӣ кардаанд.

"Зане, ки дар наздикии яке аз масҷидҳои Асака фурӯшгоҳи машрубот дорад, ҳамроҳи ду писараш ба хонаи мо омад. Онҳо дар аввал аз писарам хостанд, ки ба хубӣ навиштаашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунад. Писарам дар посух гуфт, агар онҳо қонунӣ фаъолият дошта бошанд, навиштааро пок мекунад. Вале дар ҳамин вақт ду писари зан ногаҳон ба Отабек ҳамла карданд", - изҳор дошт Қурбонова.

Як корманди Шуъбаи пулиси Асака бо тасдиқи ин хабар ва ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "нисбат ба ҳамаи гунаҳкорон чораандешӣ хоҳад шуд".

Блогер Нуриддинов 30 декабри соли гузашта бо ҷурми туҳмат, таҳқир ва майдаавбошӣ ҷарима ва 15 шабонарӯз ҳабс шуда буд. Зидди вай раиси ноҳияи Асака, мудири мактаби ноҳия ва сардори Идораи маорифи вилояти Андиҷон шикоят карда буданд. Нуриддинов дар бораи фасодкорӣ дар шуъбаи маорифи Асака ва идораи маорифи Андиҷон матлаберо нашр карда буд.

Дар Амрико як мексикоӣ бо гумони кор барои як мақомдори рус боздошт шуд

Як шаҳрванди Мексика дар Амрико бо гумони кор барои як узви ҳукумати Русия дар амри пайгирии мошини як “манбаи ҳукумати амрикоӣ” дар минтақаи Майамии аёлати Флорида ва иттилоърасонӣ дар бораи макони будубоши ӯ дастгир шуд. Дар изҳороти вазорати адлияи Амрико рӯзи 18 феврал дар бораи боздошти Ҳектор Алеҳандро Кабрера Фуентес хабар дода шуд, вале дар изҳорот ин чиз шарҳ дода нашудааст, ки чаро як узви ҳукумати Русия мехост дар бораи макони будубоши мошини як манбаъ, аз ҷумла рақами мошини ӯ хабар дошта бошад. Дар изҳорот манбаи ҳукумати Амрико фош намешавад. Бовар меравад, ки Фуентес соли 2019 барои ҳамкорӣ ҷалб шуда, ду дафъа ба Маскав, аз ҷумла бори охир барои мулоқот бо як мақом аз вазорати адлия парвоз карда буд. Шаҳрванди Мексика супориш дода шуд, ки бо номи каси дигар як мошинро дар Майами иҷора гирад ва қарор буд моҳҳои апрел ё май мақоми русро дар бораи макони сафару ҳаракати мошин бохабар кунад. Ӯву ҳамсараш рӯзи 14 феврал ҳангоме мавриди шубҳа қарор гирифтанд, ки мехостанд ба макони иҷораи мошин ворид шуда наздик ба мошини дигар ҳаракат мекарданд. Яке аз онҳо баъдан акси мошини манбаъро гирифту Хадамоти марзбонии Амрико баъдан далели инро дар телефони марди гумонбаршуда ҳам пайдо кард.

Нигаронии САҲА аз афзоиши низоъҳо дар шарқи Украина

Владимир Зеленский моҳи маи соли 2019 ба унвони президенти Украина ба фаъолият шурӯъ кард

Ду мақоми баландпояи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз афзоиши низоъҳо дар шарқи Украина дар ин охирҳо изҳори нигаронӣ карданд. Эди Рама, яке аз раҳбарон ва Томас Гремингер - дабири кулли САҲА гуфтанд, ки аз дарёфти хабарҳо дар бораи талафот дар шарқи Украина афсӯс мехӯранд ва бар пояи тавофуқи моҳи декабри Париж ҳама ҷонибҳоро “ба хештандорӣ ва эҳтироми созиш” даъват карданд. Рама гуфт, “ҳодисаи ахир ягона нест”. Ба навиштаи ӯ, “бар хилофи созишҳои ду моҳ пеш дар Париж ҳосилшуда, ҳар рӯз оташбас нақз мешавад”. Украиниҳову ҷудоиталабони рӯ ба Русия рӯзи 18 феврал дар робита бо низоъҳои ахир дар шарқи Украина ҳамдигарро гунаҳгор карданд. Аз замони сари кор омадани президент Владимир Зеленский, ин пуршиддаттарин низоъҳо дар шарқи Украина арзёбӣ мешавад.

Ҳавопаймои украинӣ ба Вуҳани Чин парвоз кард

Беморхонаи Салиби Сурх дар Вуҳани Чин

Ҳукумати Украина бо таъхири сесоата ба Вуҳани Чин ҳавопаймоеро сафарбар кард, ки қарор аст украиниҳову хориҷиҳоро аз он ҷо берун оварад. Вуҳан макони аслии пайдошавии вируси марговари чанд моҳи охир ба шумор меравад. Ҳавопаймое, ки баъди соати 2 шаб фурудгоҳи Борисполро тарк кард, нахуст ба Алмаатои Қазоқистон парвоз кард ва аз он ҷо ба маркази вилояти Ҳубеи Чин меравад. Дар як рӯзи гузашта дар ин минтақа 132 нафари дигар бар асари олудагӣ ба вирус ҷон доданд. Дар маҷмӯъ, ба иттилои мақомот дар Пекин, то имрӯз бар асари вируси COVID-19 дар Чин 2004 нафар ҷон дод. Шумори нафарони олудашуда ба вирус дар саросари Чин ба 74,185 нафар мерасад ва 700 нафари дигар дар нуқоти дигари ҷаҳон бо ин вирус бистарӣ ҳастанд. Интизор меравад, ки ҳавопаймои украинӣ субҳи 20 феврал ба Киев баргардад. Вазорати беҳдошти Украина гуфт, ки қарор аст аз Вуҳан 49 шаҳрванди Украина ва 25 хориҷӣ оварда шаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Исроил, Норвегия, Черногория (Монтенегро), Аргентина, Панама, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминикан, Эквадор ва Испания мебошанд. Баъди оварда шуданашон ба Украина ҳамаи онҳо ба мӯҳлати 14 рӯз ба карантин фиристода мешаванд.

Марзбонони Узбекистон 13 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд

Марзбонони Узбекистон дар наздикии вилояти Ботканд 13 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ки сокинони деҳаи Чекелик дар водии Фарғона рӯзи 19 феврал ба ҳангоме боздошт шуданд, ки “ногаҳон вориди хоки Узбекистон шуданд”. Намояндагии Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар вилояти Ботканд гуфт, ки “ҳуввияти шаҳрвандони Қирғизистон, ки аз ҷониби марзбонони узбек боздошт шуданд, мушаххас шуда, музокирот барои озод кардани онҳо ҷараён дорад”.

Водии Фарғона дар ҳудуди се кишвари ба ҳам ҳамсояи Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст ва як мушкили баъди пошхӯрии Шӯравӣ дар соли 1991 ин номуайн будани хатҳои марз дар миёни кишварҳо мебошад. Бисёр қаламравҳои баҳсӣ дар макони зисти аҳолии зиёд ҷойгир мебошанд.

Қисмати марзии наздики деҳаи Чекелик баҳсӣ нест, вале як макони убуру мурури бисёр сокинони маҳаллӣ ба шумор меравад.

Моҳи гузашта баъди он ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як моҷарои миёни сокинони ду кишвар бархост, мақомоти Қирғизистон беш аз 250 сокини деҳоти вилояти Боткандро ба макони дарунтар ба кишвар интиқол доданд. Дар моҷарои марзии декабри соли гузашта ҳам ҳудудан даҳ нафар аз сокинони Тоҷикистону Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд ва дар хушунатҳои марзии моҳи сентябри порсол чор нафар кушта шуд.

Пулиси Қазоқистон дар робита ба ҳаводиси Кордай 3 бародарро боздошт кард

Пулиси ноҳияи Кордай. Акс аз бойгонӣ. 8-уми феврал, 2020.

Пулиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон се бародар аз як хонаводаи дунганро барои ҷанҷол бо нозирони роҳ боздошт кард, ки сабаби асосии сар задани низои қавмӣ дар ноҳияи Кордайи ин кишвар гуфта мешавад. Додситонии кулли Қазоқистон 18-уми феврал гуфт, се бародар аз хонаводаи Воингуй дар ҳамла ба кормандони пулис айбдор мешаванд. Парвандаи бародарон ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ба огаҳии додситонӣ, нозирони роҳ 7-уми феврал мошини яке аз бародаронро боз дошта, ба далели он, ки шаҳодатномаи ронандагӣ пешниҳод накардааст, хостанд, вайро ба шуъбаи пулис баранд. Вале ронанда рад карда, ба манзили зисте равона шудааст, ки дар он ду бародараш ҳузур доштанд. Дар натиҷа бародарон аз хона берун шуда, ба кормандони пулис ҳамла кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳаводиси 7 феврали деҳаҳои ноҳияи Кордай мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулода дар ин ноҳия кард.

Мақомот мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7 феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Бино бар нақли сокинон, он шаб садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд.

Дар натиҷаи ин занозанӣ 11 кас кушта ва садҳо нафар бо шумули 17 корманди пулис захмӣ шуданд.

Дар Узбекистон мумкин аст, ҳамаи оҷонсҳои хусусии шуғлро банданд

Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон.

Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, фаъолияти ҳамаи оҷонсҳои хусусии шуғлро дар дохили кишвар қатъ кунанд. Дар ин бора сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов дар мулоқот бо сокиноне хабар дод, ки аз оҷонси шуғли Human зиён дида буданд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Орипов гуфтааст, аз президент хоҳиш хоҳад кард, ки фаъолияти оҷонсҳои хусусиро манъ кунад. Вай афзудааст, ирсоли шаҳрвандони Узбекистон ба хориҷ барои муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути Оҷонси муҳоҷирати хориҷии назди вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ беҳтар аст.

Гуфта мешавад, рӯзи 17-уми феврал даҳҳо тан аз зиёндидагон дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Тошканд ҷамъ омада, аз оҷонсҳое ҷуброни зарар талаб карданд, иҷозатномаи давлатӣ доштанд. Бо ҷамъшудаҳо ноиб-сарвазири Узбекистон Азиз Абдуҳакимов ва сарвазир Абдулло Орипов мулоқот карданд.

Абдулло Орипов гуфт, 1086 зарардида ҷуброн дарёфт хоҳад кард.

Дар Узбекистон ба оҷонсҳои хусусии шуғл аз тирамоҳи соли 2018 иҷозаи фаъолият дода шудааст. То ин замон 66 оҷонс иҷозатномаи фаъолият пайдо кардааст.

Коронавирус: Қирғизистон ба Чин кӯмаки башарӣ ирсол кард

Акс аз бойгонӣ.

Қирғизистон барои мубориза бо вируси нав ба Чин кӯмаки башарӣ ирсол кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон иттилоъ доданд.

Наздики 7 тона коло ирсол шудааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон хабар дод, ки ин кӯмак мувофиқ ба дархости ҷониби Чин таҳия шуд, ки иборат аз васоили тиббӣ буд.

Бино ба охирин иттилои Комисияи миллии ҳифзи тандурустии Чин, шумори умумии гирифторон ба вируси нав ба 72 ҳазор расидааст. Дар маҷмуъ аз оғози хуруҷи вирус 1 ҳазору 868 кас кушта шуда ва 12,5 ҳазор тани дигар шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон матолиби диниро чӣ гуна бояд навишт? ВИДЕО

Дастуруламали арзёбии матолиби марбут бо мазҳаб ва даҳшатафканӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Пайгирии масоили мазҳабӣ ва тундгароии динӣ гоҳе метавонад барои хабарнигорон дардисарсоз шавад. Ин нукта дар як нишасте дар Душанбе садо дод, ки дар онҷо роҳнамои нахустин барои таҳияи матолиби динӣ муаррифӣ шуд.

“Дастурамал оид ба инъикоси масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон”-ро се муаллиф аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон таҳия кардаанд.

Тарси хабарнигорон аз нашри матолиби мазҳабӣ дар кишвар дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар борҳо Тоҷикистонро ба он танқид мекарданд, ки бо вуҷуди он ки Қонуни асосӣ озодии сухану матбуотро кафолат додааст, мақомоти расмӣ хабарнигоронро метарсонанд ва ба онҳо таҳдид мекунанд.

Лола Олимова, раҳбари барномаҳои IWPR ё Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони ин нишаст дар Душанбе буд, гуфт: “Дар ин дастурамал шеваи дурусти инъикоси мавзуъ, аз ҷумла, мутобиқ будан ба меъёрҳои байналмилалӣ аз сӯи хабарнигорон таъкид шудааст. Яъне, журналистикаи сулҳофарро пешниҳод намудем, зеро бо ин роҳ пеш аз ҳама кори худи журналист ва муҳаррирон, ҳамчунин ҷомеае, ки мо дар он зиндагӣ дорем, бехатар мешавад”.

Дар дастурамали роҳҳои дурусти инъикоси мавзуъҳои динӣ, тавсия ба рӯзноманигорон ва ҳуқуқи онҳо ҳангоми инъикоси мавзуъҳои ҳассос барои ин кишварҳо таъкид шудааст.

Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори мустақил, ки қаблан барои баҳсҳои мазҳабӣ бо пайравони гуруҳҳои тундрав номаш расонаӣ шуда буд, гуфт, борҳо дар пайи баҳсҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд дафъа таҳдид ҳам гирифта буд. Ӯ гуфт, худсензура дар матбуоти тоҷик ҷой дорад ва хабарнигорон дар мавзуъҳои мазҳабӣ аз худсензура кор мегиранд.

Инга Сикорская, роҳбари мактаби сулҳофарӣ ва фанновариҳои расонаӣ, ки ин мавзуъро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳлил кардааст, рузи 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри матолиби мазҳабӣ барои хабарнигорон бисёр ҳассос аст, зеро онҳо ҳамеша пойбанди чизе ҳастанд, ки баъзан аз фишори қонунгузории кишвар ба озодии баён метарсанд.

“Мушкил дар он аст, ки барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабииро дар ҳар кишвар гуногун шарҳ медиҳанд. Дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон ин модда метавонад афродро ба гурӯҳи экстремистӣ шомил кунад. Аз ин рӯ, мо зиёд мешунавем, ки афроди гуногун ва ё рӯзноманигорон барои ибрози ақида маҳз бо ин модда муттаҳам мешаванд”, -- шарҳ дод ӯ.

Дар Тоҷикистон инъикоси масоили мазҳабӣ ва ифротгароии динӣ мавзӯи ҳассос дониста мешавад ва дар аксар маврид хабарнигорон аз ҳар тараф зери бори танқид қарор мегиранд ва гоҳе дигар он бо боздошту зиндонӣ кардани онҳо анҷом меёбад.

Дар гузашта низ ҳодисаҳои боздошти хабарнигорон дар пайи нашри матлабҳои мазҳабӣ расонаӣ шудааст. Намунаи охири он дастгир ва ба ҳабс гирифта шудани Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик аст, ки мақомот ӯро ба нашри даҳҳо матлаби ба гуфтаи оонҳо мазмуни ифротгароидошта муттаҳам карданд. Пайвандонаш ва созмонҳои хабарнигорӣ ин иттиҳомро рад мекунанд.

Ғанӣ – аввал ва Абдуллоҳ – дувум. Эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Афғонистон. ВИДЕО

Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи гузаштаи президентӣ низ нафарони аввал ва дувум буданд ва раҳбарӣ дар ҳукуматро байни ҳам тақсим карданд

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфт, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии 28-уми сентябри соли гузашта нишон медиҳанд, ки раиси ҷумҳури кунунӣ Ашраф Ғанӣ бо 50,64 дарсади овозҳо барои панҷ соли дигар дар ин курсӣ мемонад.

Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо 39,52 дарсади овозҳо ҷойи дуввумро гирифтааст.

ВОКУНИШИ АБДУЛЛОҲ АБДУЛЛОҲ БА НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ:

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 18-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Кобул эълом дошт, ки Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷанговарони номдори пешина дар Афғонистон, бо 3,85 дарсади овозҳо дар ҷои севум мебошад.

Интихоботи президентии Афғонистон бо иштироки бемонанди хеле ками овоздиҳандагон ва ҷанҷолҳо миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ дар давоми маъракаи пешазинтихоботӣ гузаронида шуд.

Аз 9 миллион овоздиҳанда 1.8 миллион нафар дар интихобот овоз доданд.

Эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот моҳҳо ба таъхир афтоданд, пас аз он ки мушкилоти фаннӣ сабаби иддао дар бораи фиреб дар интихобот шуд ва номуайянии бештарро дар кишвари ҷангзада афзун намуд.

Заминларзаи 4-дараҷаӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Баъд аз зуҳри 18-уми феврал дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба вуқӯъ омад. Масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, маркази зилзила дар ҳудуди вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, шиддаташ дар марказ ба чаҳор дараҷа ва дар Душане ба 2-3 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд. То ба ҳол маълум нест, зилзила дар маркази он хисороте доштааст, ё на. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари заминларза чандин хона вайрон шудааст.

Украина ният дорад, шаҳрвандонашро аз Чин берун орад

Акс аз бойгонӣ

Украина барнома дорад, ки рӯзи 18-уми феврал ба Чин ҳавопаймо фиристад ва 49 шаҳрванди худ ва 25 шаҳрванди хориҷиро кӯчонад. Пекин аз 1886 ҳолати нави гирифтор шудани одамон ба коронавирус ва марги 98 каси дигар гузориш дод. Шумораи фавтидагон дар Чин дар умум тақрибан ба 1900 ва шумораи тасдиқшудаҳо ба 72500 расидааст.

Вазири тандурустии Украина Виктор Ляшко рӯзи 17-уми феврал дар Киев эълон кард, ки мусофирон аз шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубей оварда мешаванд. Ляшко гуфт, танҳо шахсони вируси COVID-2019 надошта ба ҳавопаймо роҳ дода мешаванд ва пас аз расидан ба Киев, 19-уми феврал онҳо ба муддати 14 рӯз карантин карда мешаванд.

Вазири нигаҳдории тандурустӣ гуфт: “Воҳима кардан даркор нест, чун мо танҳо одамони тандурустро ба Украина меорем”. Сафорати Украина дар Чин бори аввал 11 феврал аз кӯчондани шаҳрвандонаш хабар дода буд ва он дар давоми ҳафт рӯзи охир бори дувум аст, ки ба дигар вақт гузошта мешавад.

Ляшко гуфт, барои кӯчонидани 25 мусофири украинӣ, ки дар киштиии Diamond Princess дар бандари Ҷопон дар карантин ҳастанд, ҳеч гуна барномае надорем.

ВКХ изҳороти Навҷувоновро дар бораи марз "назари шахсии ӯ" хонд

Абдулло Навҷувонов, сардори раёсати ВКД дар Суғд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов роҷеъ ба масоили марзӣ бо Қирғизистон, танҳо "фикри шахсии ӯст" ва назари расмӣ ба шумор намеравад.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилӣ дар Суғд дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл кард ва гуфт, "агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Ин изҳороти генерали тоҷик вокунишҳои ҷониби Қирғизистонро дар пай дошт.

Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ин суханони генерал Навҷувонов дар нишастҳои расмӣ садо надодааст ва бинобар ҳамин, назари расмӣ ба шумор намеравад. Ӯ айни замон таъкид кард, ки "ибрози назари генерали тоҷик бояд аз сӯи таърихнигорон ва бостоншиносон дақиқ карда шавад".

Дар пайи изҳори назари Абдулло Навҷувонов, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умедворанд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфт, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

Ба блогери тоҷик барои саҳнаи шӯхиомези коронавирус то 7 сол зиндон таҳдид мекунад

Кароматулло Ҷабборов, блогери тоҷик дар Русия.

Иттиҳом нисбат ба Кароматулло Ҷабборов, шаҳрванди Тоҷикистон ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав вазнинтар шудааст.

Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС рӯзи 17-уми феврал бо такя ба вакили мудофеи шаҳрванди Тоҷикистон Роман Шахматов хабар додааст.

"Иттиҳом нисбат ба ӯ аз қисми яки моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия ба қисми дувуми ҳамин модда иваз карда шуд. Ҳамакнун ӯро на танҳо ба авбошӣ, балки ба авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ айбдор мекунанд. Ин амр ба хотири он сурат гирифтааст, ки дар ин амал (вакилони дифоъ мутмаинанд, ки ин ҳодиса ҷиноят не, балки як ҳодисаи хурд аст) чанд нафар ширкат кардаанд", -- афзуд вакили дифоъ.

Ба гуфтаи вай, бар асоси ин иттиҳом, ба зерҳимояаш то 7 соли зиндон таҳдид мкунад

Қаблан Додгоҳи ноҳияи Черемушки ин блогери тоҷикро барои сабти "пранк" ваё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав ҳабс кард. Ин шаҳрванди Тоҷикистон он замон танҳо ба авбошӣ муттаҳам шуда буд.

Ӯ то 8-уми март дар боздошт мемонад. Ӯро рӯзи 8-уми феврал дастгир кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, Ҷабборов дар додгоҳ иттиҳоми авбоширо напазируфта, худро бегуноҳ шумурдааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия пас аз ҳодисаи саҳнаи шӯхиомез гуфт, сабти "пранк" рӯзи 2-юми феврал дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи "Полежаевская" ба тарафи "Улица 1905 года" ҳаракат дошт, сурат гирифтааст.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Коронавирус дар Чин то кунун беш аз 1800 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кардааст.

Ёфтҳои бештар

Дубай Хӯҷа Каримовро ба Тоҷикистон таслим кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Дубай Хӯҷа Каримовро ба Тоҷикистон таслим кард
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Беш аз 200 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба ватан меоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00
XS
SM
MD
LG