Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ваҳдат духтари дусоларо як рӯз гаравгон гирифтанд


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Полиси Тоҷикистон ба таҳқиқи шикояти марди 49-солаи сокини шаҳри Ваҳдат пардохтааст, ки мегӯяд, рӯзи 7 сентябр набераи 2-солаи ӯро як сокини ҳамин шаҳр бо талаби додани пул ба гарав гирифта буд. Дар шарҳи ҳодиса ВКД навиштааст, ки духтарчаи дусоларо аз соати 09:30-и субҳ то 16:10-дақиқаи рӯзи шанбе дар хонаи як зани 39-сола нигоҳ дошта, аз волидони кӯдак пул талаб карданд. Як манбаи Радиои Озодӣ ва огоҳ аз қазия рӯзи 10 сентябр гуфт, ки марди боздоштшуда ба падари кӯдак пул қарз дода буд ва азбаски ин пул сари вақт бозгардонида нашуд, ӯ аз роҳи гаравгон гирифтани кӯдак хост ба волидонаш фишори равонӣ биёрад. Кӯдак рӯзи дароз дар хонаи хоҳари марди гаравгонгир нигаҳдорӣ шудааст, мегӯяд полиси Тоҷикистон. Ин шахс боздошт шуда нисбаташ бар асоси моддаи "одамрабоӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG