Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон қарзи як гуруҳи сокинонро давлат бармегардонад


Дар Қазоқистон рӯйхати шаҳрвандони қарздоре, ки ба иллати вазъи бади иқтисодияшон ҳукумат вазифадор аст, қарзҳояшонро баргардонад, афзоиш дода мешавад. Дар ин бора муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон 9-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба ин рӯйхат панҷ гуруҳи сокинони Қазоқистон шомил мешаванд: ятимони кулли то 29-сола, дарёфткунандагони кумакҳои иҷтимоӣ, волидони кӯдакони маъюб ва хонаводаҳое, ки ноновари худро аз даст додаанд ё шахсони маъюби аз 18-сола болоро нигоҳубин мекунанд.

Қарзи ин афрод бояд бегарав ва на беш аз 3 миллион танга бошад. Ба гуфтаи Жакупова, Вазорати меҳнати Қазоқистон 2 миллиону 289 ҳазор шаҳрвандеро ба қайд гирифтааст, ки метавонанд шомили рӯйхат шаванд.

Аз ин шумора қарзи 507 ҳазор нафар аллакай пардохт карда шудааст.

Ба иттилои муовини раиси Бонки миллии Қазоқистон Олег Смоляков, ҳукумати ин кишвар 5-уми сентябр ба бонку ташкилотҳои қарзии хурд беш аз 105 миллиард танга пардохт кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG