Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Сурия 18 нафар кушта шуд


Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шарқи Сурия мавқеъҳои нирӯҳоеро ҳадаф қарор дод, ки аз ҷониби Эрон ва дигар ҷангиёни муттафиқи онҳо пуштибонӣ мешаванд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои рӯзи 9 сентябр, ба иттилои созмони бритониёии Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия, 18 ҷангӣ кушта шуд. Ин созмон гуфт, ки рейдҳо шабонгоҳ аз ҷониби ҳавопаймоҳои ношинос дар минтақаи Ал-Букамоли ҳаммарз бо Ироқ анҷом шуд.

Созмони Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, ки ҳамлаҳо гузаргоҳҳои низомӣ, мошинҳои ҳарбӣ ва захирагоҳҳои силоҳро ҳадаф қарор доданд. Ин созмон мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд, шумори қурбониҳо афзоиш меёбад.

Як созмони ҷамъиятии фаъол дар шарқи Сурия бо номи “Садову акс” ҳам дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ гузориш дод ва гуфт, ки дар паи ин ҳамлаҳо як захирагоҳи силоҳи гурӯҳи ба ном “Ҳашт шаъбӣ” – ҷангиёни шиамазҳабе, ки аз Эрон пуштибонӣ мешаванд, ҳадаф қарор гирифт.

Эрон ва Русия дар тамоми муддати ҷанги Сурия ба ҳукумати Башор Асад кӯмак кардааст.

Исроил, ки Эронро таҳдиди калони худ арзёбӣ мекунад, дар ҳафтаҳои гузашта бовар меравад, ки маконҳои марбут ба Эронро дар хоки Сурия, Ироқ ва Лубнон ҳадаф қарор додааст.

Низомиёни исроилӣ рӯзи 9 сентябр гуфтанд, ки чандин мушак дар берун аз қаламравҳои Димишқ, пойтахти Сурия партоб шуд, вале ҳеҷ якаш натавонист ба қаламрави Исроил асобат кунад.

XS
SM
MD
LG