Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комил, Дилором, Саидато. Се паҳлӯи зиндагии насли замони истиқлол. ВИДЕО


Аз замоне ки Тоҷикистон истиқлоли худро эълон кард, 28 сол гузашт. Дар ин давра насле ба дунё омад ва бузург шуд, ки ба гуфти таҳлилгарон бо дидгоҳҳои худ фарқ мекунад.

Баъзеҳо онҳоро хушбахту ҷаҳондида ва ҳушёр тавсиф мекунанд, иддае дигар камсаводу муҳоҷир ва рӯҳафтодаву хашин. Аз онҳо насли замони ҷангу сулҳ ҳам ном мебаранд. Ин қишр бахши аъзами аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва баъд аз чанд сол чигунагии сарнавишти кишвар аз онҳо сахт вобаста хоҳад буд.

Дар ин гузориш бо се ҷавоне суҳбат кардем, ки дар замони истиқлол зода шуда, рӯзгор ва орзуҳои гуногун доранд.

Комил Ҷумъаев, сокини 28-солаи Душанбе, мактабро то синфи нӯҳум хондааст. Вай мегӯяд, ба сабаби мушкили иқтисодӣ ба таҳсил идома надод ва барои кумак ба оилааш ба мардикорӣ пардохт. Ҳоло ҳар субҳро дар интизори корфармо пешвоз мегирад ва бештар дар бораи раҳоӣ аз банди мушкили иқтисодӣ меандешад.

"Орзу дорам, ки мошину хонаи шахсӣ гирам ва дар ягон идораи давлатӣ соҳиби мақом гардам. Барои инсон истиқлоли иқтисодӣ муҳим аст. Одамро аз вобастагӣ наҷот медиҳад", – мегӯяд ӯ.

Дар миёни насли зодаи истиқлол мисли Комил ҷавононе кам нестанд, ки аз мушкили иқтисодӣ азият мекашанд ва баъзеи онҳо барои халосӣ аз он рӯ ба Русия овардаанд. Комил мегӯяд, гуноҳи онҳо нест, ки ба ин ҳол афтидаанд.

"Аз як тараф ҷангу нооромӣ буд. Аз тарафи дигар насли даврони истиқлол мубориз нестанд. На танҳо дар Русия, балки дар Тоҷикистон низ наметавонанд аз ҳаққи худ дифоъ кунанд. Хуб аст, ки истиқлол аст ва оромӣ ҳукфармост. Аммо на ҳамеша кор ёфт мешавад. Мехоҳам коре дошта бошам, ки дигар ба бозори мардикорон наоям", -- гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳимоят аз ҷавонон чанд барнома қабул шудааст. Онҳо таъйини кадрҳои ҷавон ба мақоми роҳбарӣ, то сисолагӣ пойин овардани синни номзадҳо ба мақоми президентӣ ва ҷудо кардани квота барои таҳсилро аз пуштибониҳои дигари худ ном мебаранд.

Насли замони истиқлол дар Тоҷикистон чӣ гунаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Дилором Олимова, ҷавони дигар, худро хушбахт медонад, ки дар ҳамин айём бузург шуда, бо истифода аз квотаи таҳсил соҳиби маълумоти олӣ ва ҷойи кор гардид. Ин духтари 24-сола риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва бовар дорад, "калиди комёбӣ дар дасти худи инсонҳост".

"Бисёриҳо ба ин назаранд, ки агар падару модар соҳиби вазифа бошад, баъд фарзандони онҳо метавонанд, дар ҷомеа мақом пайдо кунанд. Ба ин фикр розӣ нестам. Худам кӯшиш кардам, бо баҳои аъло хондам ва ҳамин боис шуд, ки ҷойи кори хуб пайдо намоям", -- нақл кард ӯ.

Дилором насли имрӯзро "озодандешу ватандӯст, огоҳ аз таърих ва бунёдкор" мехонад. Ӯ мегӯяд, "имкониятҳо фаровонанд ва барои онҳое, ки воқеан дониш ва маҳорат доранд, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон шароити хуб вуҷуд дорад."

Вале мунтақидон мегӯянд, ба ҷуз аз як гуруҳ ҷавонони "худӣ" ё "тиллоӣ" дигарон ба майдони сиёсат ва иқтисоди кишвар роҳ дода намешаванд. Ин аст, ки ба гуфтаи онҳо бештари ҷавонон роҳи рафтан ба хориҷро меҷӯянд, то ҳам истиқлоли фикрӣ ба даст оранд ва ҳам истиқлоли иқтисодӣ. Ва таҳсил дар хориҷа як воситаи рафтани онҳо ба берун аз Тоҷикистон аст.

Бар асоси омори расмии мақомот низ солона ҳудуди 5000 ҷавони тоҷик барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд. Як пажуҳиши ахир муайян кардааст, ки аксар донишҷӯёни тоҷик ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ дар онҷо ҷойи кор пайдо карда ва дар андешаи муқим шудан ва гирифтани шаҳрвандӣ мешаванд.

Пажуҳиши "Муҳоҷирати таҳсилии ҷавонони Тоҷикистон: Мушкилот ва дурнамо" бо сарпарастии Бунёди Сорос гузаронда шуд. 65 дарсади донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа гуфтаанд, ният доранд дар кишвари таҳсилашон бимонанд. Дар пажуҳиш ба ин суол, ки "ҷӯяндагони кор дар Тоҷикистон ба кадом мушкилот дучор мешаванд?" 35 дарсад рақобати аз ҳад зиёд, 32 фоиз пешниҳоди ҷойи кор бо маоши кам, 20 дарсад доштани робитаҳои муҳим ва беш аз 7 дарсад коррупсияро ном бурдаанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, дар хориҷа мондани шуморе аз донишҷӯёни тоҷик раванди “фирори мағз”-ҳоро аз кишвар боз ҳам бештар мекунад, ки дар дарозмуддат барои рушди кишвар таъсири манфӣ дорад.

Саидато Лутфулло яке аз даҳҳо ҷавони тоҷик аст, ки соли 2013 ба Амрико рафтааст. Вай мегӯяд, насли имрӯз, ба ҷуз як теъдоди хеле хурд, имкони аз зинаҳои мансаб боло рафтанро надоранд, ки як сабаби ноумедии онҳо шудааст.

"Бо дӯстонам дар Тоҷикистон суҳбат кардам. Онҳо як каме дилшикаста ҳастанд. Наметавонанд нисбат ба ин ё он ноадолатӣ дар ҷомеа назари худро бигӯянд. Метарсанд. Хавф доранд, ки агар чизе гӯянд, ба онҳо фишор меоранд. Ба хориҷа роҳ меҷӯянд", -- афзуд ӯ.

Ин ҷавони тоҷик ба ин нукта ҳам ишор кард, ки насли навро бояд аз зовияи дониш ва ҷаҳонбинии муосир доштан ва ҳушманд будан баҳо дод. Саидато дар Олмон таҳсил карда, ҳоло дар Амрико тиҷорат мекунад. “Мехоҳам, бо такмили дониш дар соҳаи фанновариҳои нав дар яке аз бонкҳои амрикоӣ ба кор дароям”, -- афзуд ӯ.

Бо ин ҳол, баҳс дар бораи чигунагии насли нав ё насли замони истиқлол мухталиф аст. Бузургсолон ин наслро асосан барои ахлоқи ба қавли онҳо коста, камсаводӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба он чи дар кишвар ва ҷаҳон мегузарад, танқид мекунанд. Гуруҳе дигар онҳоро насли дур аз сиёсат медонанд. Баъзе аз ҷавонон мегӯянд, хотироти ҷанг аз ёдашон зудуда нашудааст ва дар масъалаи фаъолиятҳои сиёсӣ, воқеан, эҳтиёткорона рафтор мекунанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, чеҳраи насли имрӯзро бо як ранг – сиёҳ ё сафед наметавон тасвир кард. Онҳо мегӯянд, агар ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбати ин наслро болои тарозу гузорем, шояд ягон паллаи он боло нашавад.

Таҳлилгарон аз он афсӯс мехӯранд, ки то имрӯз пажуҳише дар бораи насли имрӯз анҷом нашудааст, пажӯҳиши фарогире, ки дар он ҳама ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбати як насл пурра таҳқиқ ва бар пояи он барномаи давлатӣ таҳия шуда бошад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG