Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент "эътирозҳои зиддичинӣ"-ро ҳангома номид


Президент Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 6-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои миллии боварии ҷомеа дар шаҳри Нурсултон дар бораи "эътирозҳои зиддичинӣ", ки ахиран панҷ шаҳри Қазоқистонро фаро гирифтанд, суҳбат карда, гуфт, бархеҳо ҳадафи "ноором" кардани ин кишварро доранд.

Эътирозгарони қазоқ аз мақомот талаб доранд, ки иҷрои тарҳҳои муштарак бо Чин қатъ ва сафари президенти ин кишвар Тоқаев ба шаҳри Пекин дар рӯзҳои 11-12-уми сентябр бекор карда шавад.

Тоқаев гуфт, дар ҷомеаи Қазоқистон дар бораи "55 тарҳи муштараки сармоягузорӣ бо Чин" хабарҳои дурӯғе паҳн карда мешавад ва ҳамчунин дар миёни мардум овозаҳое чарх мезанад, ки гӯиё заминҳои ин кишварро ба Чин мефурӯшанд.

"Ин овозаҳоро бадхоҳон паҳн мекунанд, ки мехоҳанд, бо сӯистифода аз руҳияи ватандӯстии сокинон, бахусус мардуми эҳсосӣ ба ҳадафҳои худ бирасанд. Бояд дарк кард, ки ингуна сӯистифода кардани мардум як ҷузъи геополитика буда, ҳадафи он ба ҳам задани ягонагии сокинон ва ноором кардани вазъ дар Қазоқистон аст", - афзуд Тоқаев.

Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки кадом "бадхоҳон"-ро дар назар дорад ва кадом бозигарони геополитикӣ ба ноором сохтани Қазоқистон алоқаманданд.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар ҷараёни сафараш ба Пекин хабар дод, ки бо Чин дар робита ба "55 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши сохтмон, саноат, истеҳсоли гушт, гандум созишномае ба имзо расидааст".

Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон чандин рӯз мешавад, зидди бунёди 55 корхонаи чинӣ дар ин кишвар ва сафари президент Қосимҷомарт Тоқаев ба Пекин эътироз доранд. Дар як қатор шаҳрҳои дигари Қазоқистон ҳам ба ҷонибдорӣ аз сокинони Жанаозен эътирозҳо ҷараён доранд.

Рӯзи 3-юми сентябр ҳудуди 30 нафар дар майдони назди бинои шаҳрдории Нурсултон ҷамъ шуда, аз мавқеи сокинони Жанаозен зидди "тавсеаталабии Чин" ҷонибдорӣ карданд. Сардори Идораи рушди ҷомеаи шаҳрдории Нурсултон Талгат Раҳмонбердиев ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, Чин дар Қазоқистон ягон корхона бунёд карданӣ нест.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG