Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиб-сарвазири Қазоқистон: 15 тарҳи муштарак бо Чин иҷро шуд


Женис Қосимбек
Женис Қосимбек

Дар Қазоқистон 15 тарҳи муштарак бо Чин анҷом шуда, дар ҳоли фаъолият ҳастанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми сентябр Женис Қосимбек, муовини сарвазири он кишвар хабар дод.

Иттилои Қосимбек дар ҳолест, ки дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон зидди тарҳҳои муштарак бо Чин эътироз баргузор мешавад. Вале ноиб-сарвазир мегӯяд, дар доираи барномаи саноатсозӣ интизор меравад, 55 тарҳи дигар амалӣ шавад.

"Барои иҷрои 15 тарҳи анҷомшуда 3,9 миллиард доллар харҷ гардид. Ин тарҳҳо бахшҳои мухталифи иқтисодро дар бар мегиранд. Дар маҷмуъ, дар доираи 15 тарҳ бештар аз чаҳор ҳазор ҷои кор муҳайё шуд, ки 95 дарсадашон шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд", - афзуд Қосимбек.

"Ҳоло мардум мегӯянд, ки корхонаҳои нав "ифлосанд" ва ин тарҳҳои куҳнашуда аст, ки ба ҳудуди Қазоқистон меоранд. Расман изҳор медорам, ки ягон корхонаи куҳна дар ҳудуди Қазоқистон нест. Ҳамаи ин тарҳҳо нав ҳастанд", - гуфт Қосимбек.

Ба гуфтаи вай, давоми 5-6 соли оянда ҳамаи 55 тарҳи дигар амалӣ хоҳад шуд.

Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон чандин рӯз мешавад, зидди бунёди 55 корхонаи чинӣ дар ин кишвар ва сафари президент Қосимҷомарт Тоқаев ба Пекин эътироз доранд, ки қарор аст, рӯзҳои 11-12-уми сентябр сурат бигирад.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар ҷараёни сафараш ба Пекин хабар дод, ки бо Чин дар робита ба "55 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши сохтмон, саноат, истеҳсоли гушт, гандум созишномае ба имзо расидааст".

Дар як қатор шаҳрҳои дигари Қазоқистон ҳам ба ҷонибдорӣ аз сокинони Жанаозен эътирозҳо ҷараён доранд.

Рӯзи 3-юми сентябр ҳудуди 30 нафар дар майдони назди бинои шаҳрдории Нурсултон ҷамъ шуда, аз мавқеи сокинони Жанаозен зидди "тавсеаталабии Чин" ҷонибдорӣ карданд. Сардори Идораи рушди ҷомеаи шаҳрдории Нурсултон Талгат Раҳмонбердиев ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, Чин дар Қазоқистон ягон корхона бунёд карданӣ нест.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG