Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон: кони тилои "Қумтор" аз ҳисоби мамнуъгоҳ васеъ намешавад


Сухангӯи ҳукумати Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу гуфт, дар ҳудуди мамнуъгоҳи "Сарӣ-Чат – Ээр-Тош" корҳои иктишофӣ анҷом дода намешавад. Ӯ хабарҳо дар бораи додани 16 ҳазор ҳектар замини мамнуъгоҳро ба "Қумтор" рад кард.

"Дар ҳудуди "Сарӣ-Чат – Ээр-Тош" корҳои иктишофӣ анҷом нашудааст ва нахоҳад шуд. Инҷо сухан аз 16 ҳазор ҳектар замине меравад, ки ба мамнуъгоҳ тааллуқ надорад. Ҳудуди мамнуъгоҳ аз соли 2013 тағйир дода нашудааст. Барои ҳукумат манфиатҳои давлат аз ҳама боло аст. Дар созишномаи стратегӣ низ ҳарфе дар бораи замин нест. Ин масъала ҳатто баррасӣ нашудааст", - изҳор дошт Эсенгул уулу.

Ба гуфтаи ӯ, соли 1994 барои кони тилои "Қумтор" 10 ҳазор ҳектар замин ҷудо шуда буд ва соли 1997 онро то ба 26,6 ҳазор ҳектар афзоиш доданд. Соли 2005 дар пайи як тағйирот масоҳати заминҳо то ба 26,3 ҳазор ҳектар кам карда шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати Қирғизистон дар пайи имзои як созишномаи нав бо ширкати "Centerra Gold Inc." дубора иҷозат дод, то дар 16 ҳазор ҳектар замини мамнуъгоҳи "Сарӣ-Чат – Ээр-Тош"-и ин кишвар истихроҷи тило ба роҳ монда шавад. Ин хабарро мудири иҷроияи ширкати "Қирғизолтин" Алмос Олимбеков тасдиқ кард.

Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2009 бар ивази як қисми саҳмияҳои "Сентерра Голд Инк." ба "Қумтор" заминҳоеро дода буд, ки дар он ҳайвонҳои нодири шомили китоби сурх зиндагӣ мекарданд. Вале соли 2012 дар натиҷаи фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни муҳити зист маҷбур шуд, ин қарори худро бекор кунад.

"Дар асоси созишномаи соли 2009 барои "Қумтор" бояд 26 ҳазор ҳектар замини иловагӣ аз ҳисоби мамнуъгоҳ ҷудо карда мешуд. Вале ҳукумат соли 2012 бо судури як қарор онро то ба 10 ҳазор ҳектар кам кард. Ҳоло мо уҳдадориҳои худ дар доираи созишномаи соли 2009-ро иҷро карда, 16 ҳазор ҳектар заминро баргардондем. Бар ивази ин заминҳо саҳмияи мо дар ширкат аз 15 то ба 33 дарсад афзоиш дода шуд", - афзуд ӯ.

Кони "Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мешавад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дошт.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG