Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зан бояд ҷойгоҳи баландашро донад." Қоидаҳои рафтор дар Ингушистон


Ҷаҳонгардон дар Назрани Ингушистон

Дар Ингушистони Русия қоидаҳое таҳия шудаанд, ки ҷавононро аз хандидан, ҳуштак кашидан дар маконҳои серодам манъ карда, занонро вазифадор мекунад, ки бо либоси тангу тунук аз хона берун нашаванд ва худро аз мардҳои бегона дур гиранд.

Қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ занони ингушро вазифадор мекунад, ки ба ҳамаи мардон эҳтиром гузоранд ва аз мардони ношинос фосила бигиранд. Шаҳрдори Магас гуфт, тавсияҳои зикршуда ба табъизи занон роҳ намедиҳад.

"Занон новобаста аз синну сол дар назди мард, ҳатто агар ҷавонтар ҳам бошад, аз ҷой бармехезанд ва ба ин тартиб эҳтироми худро нишон медиҳанд. Ҳатто зани бузургсол дар назди издиҳом аз ҷой мехезад ва эҳтиромашро ба наврасе нишон медиҳад. Инро духтарони ҷавон мебинанд ва дар руҳияи эҳтиром ба мардҳо тарбия меёбанд,"- омадааст дар қоидаҳои рафтор дар пойтахти Ингушистон.

Ин қоидаҳо баланд хандидан ва фарёд задан дар маконҳои серодамро барои занони ингуш "амали номақбул" мехонад.

"Занон бояд ҷойгоҳи фахрии худро донанд. Ҳусни зан шармгинӣ, меҳрубонӣ, гуфтори боэҳтиром ва фосила гирифтан бо мардони бегона мебошад,"- навиштаанд мақомоти шаҳри Магас.

Қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавононро аз хандидан, ҳуштак кашидан, сигор кашидан ва истифодаи алфози қабеҳ дар маконҳои серодам манъ мекунад. Инчунин ҷавонон муваззафанд ҳангоми қадам задан ба шахсони бузургсолтар аз худ роҳ диҳанд, ҳатто агар ӯ як рӯз ҳам калонтар бошад.

Дар қоидаҳо рафтор ҳамчунин, раҳораҳ хӯрдану нӯшидан ва пӯшидани либоси тунук амали номақбул дониста мешавад. “Пӯшидани либоси тунук барои як зан ва мард айб аст. Барои урён будан танқид мекунанд, вале либоси маъмулӣ қадр карда мешавад,"-гуфта мешавад дар тавсияҳо.

Шаҳрдори Магас мегӯяд, қоидаҳои рафтор тавсиявӣ мебошанд. Беслан Сечоев, шаҳрдори Магас дар шарҳи зарурати таҳияи чунин варақаҳо гуфт, ахлоқ ва арзишҳои атроф босуръат иваз мешаванд ва онҳо тавсияҳоеро барои ташвиқи арзишҳои миллии ингушӣ таҳия кардаанд.

“Аз рӯи рафтори ту ба оила ва халқи ту баҳо медиҳанд,”- гуфтанд муаллифони матн.

Дар варақаҳое, ки шаҳрдори Магас тақсим кардааст, ду марде тасвир шудааст, ки дар назди дӯкон нишастаанд ва дар назди онҳо ду зани рӯймолпӯш ва бо сари хам истодаанд.

Ин қоидаҳо мардони ингушро вазифадор мекунад, ки дар сурати набудани хешовандон ҳамватани худро зери ҳимоя бигиранд.

Ба гуфтаи шаҳрдории Магас, варақаҳои қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҷавонон тақсим шуда, бо оғози соли нави таҳсил ба ҳамаи хонандагони мактаб низ расонда мешавад. Матни қоидаҳои одоби рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Ингушистон бо забонҳои русӣ, ингушӣ ва англисӣ навишта шудааст. Қарор аст ин варақаҳо ба сайёҳон низ тақсим шавад, то онҳо бидонанд, ки берун аз хона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд кадом қоидаҳоро риоя кунанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

XS
SM
MD
LG