Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони Ҳонгконг роҳ ба сӯи фурудгоҳро бастанд


Тазоҳургарони Ҳонгконг рӯзи якшанбе ба муқобилияти маъмурони пулис нигоҳ накарда, роҳ ба сӯи фурудгоҳи байналмилалиро бастанд.

Худи фурудгоҳ ба монанди пешин ҳавопаймоҳоро қабул ва гусел мекунад. Вале роҳҳо ба сӯи он баста шудаанд. Эътирозгарон ҳамчунин роҳи қатори баландсуръат ба фурудгоҳро бастаанд. "Агар мо ба кори фурудгоҳ халал расонем, пас дар тамоми ҷаҳон хоҳанд фаҳмид, ки дар Ҳонгконг чи мегузарад", - иқтибос овардааст хабаргузории Reuters аз суханони як тазоҳургар.

Миёни тазоҳургарон ва маъмурони пулис задухӯрд сурат гирифта, дар натиҷа чандин одам одам дастгир шуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, кормандони пулис дар дохили қатора боздоштшудаҳоро латтукӯб мекунанд.

Эътирозҳо дар Ҳонгконг 12 ҳафта боз идома дорад. Норозиён аз ҳукумат мехоҳанд, қонунеро лағв кунад, ки бар асоси он муттаҳамони ҷурмҳои ҷиноӣ ба Чин супурда мешаванд.

Пеш аз ин, шуморе аз мардум рӯзи ҷумъа хостанд, ки бо роҳандозии эътирозҳо панҷумин солгарди ислоҳоти интихоботии нокоми ҳукумати Чинро баргузор кунанд, вале мақомот дар Ҳонгконг ба онҳо иҷозат надоданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG