Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори узбеке, ки мансабдорро оташ зада буд, озод шуд


Соҳибкор Баҳриддин Исомов, ки моҳи июли соли равон дар эътироз ба тахриби бинои фурӯшгоҳаш муовини раиси ноҳияи Яккабоғи Ӯзбекистон Мансур Туймаевро оташ зада буд, аз ҳабс озод шуд.

Худи соҳибкор гуфт, дар асоси хулосаи ташхиси судӣ-равонӣ аз боздоштгоҳ озод шуда, 29-уми август ба хонааш баргаштааст. Ба иттилои сомонаи Аdvokatnews.uz, ҳукми ҳабси соҳибкор дар натиҷаи тағйири банди парвандаи ӯ аз "Куштори барқасдона" ба "Куштори барқасдона дар ҳолати ҳаяҷони сахт" бекор карда шудааст.

Ба озодии соҳибкор хулосаи гуруҳи коршиносони факултети равоншиносии Донишкадаи давлатии Қаршӣ сабаб шудааст, ки гуфтаанд, ӯ ҳангоми оташ задани муовини раиси ноҳияи Яккабоғ дар ҳолати изтироб ва шӯридагӣ қарор дошт.

20-юми июл дар ноҳияи Яккабоғ соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Исомов муовини раиси ноҳияро, ки мехост, фурӯшгоҳи нави дуошёна ва сехашро тахриб кунад, бо бензин оташ зад.

Ба гуфтаи шоҳидон, Мансур Туймаев, ки дар ҳамроҳӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои тахриби фурӯшгоҳ рафта буд, пас аз худдории ронандаи булдозер аз иҷрои фармон, хост, биноро худаш тахриб кунад.

Вале соҳибкор бар сару рӯяш бензин пошида, ӯро оташ задааст. Шоҳидони ҳодиса зуд оташро хомӯш карда, Туймаевро ба бемористон бурдаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, соҳибкор баъди ноумед шудан аз дарёфти ҷубронпулӣ даст ба ин кор задааст.

Ба огаҳии Оҷонси иттилоот ва иртиботи умумии маъмурияти президенти Ӯзбекистон, пас аз омӯзиши қазия раис ва додситони ноҳияи Яккабоғ -- Шоҳмурод Донаев ва Ҷамшед Халилов аз мақом барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG