Бо вуҷуди музокироти сулҳи миёни Амрико ва Толибон, ки ҳадафаш поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст ва тақрибан ниҳоӣ шудааст, ҷангҷӯёни Толибон ба вилояти Кундуз ҳамлаи густарда кардаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳамла нимашаби 31-уми август аз чаҳор гӯшаи Кундуз сурат гирифт.
Сурур Ҳусейнӣ, сухангӯи пулиси Кундуз, рӯзи 31-уми август ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои давлатӣ ҳамлаи Толибонро баргардондаанд. Намояндаи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар Твиттер ин ҳамларо “васеъмиқёс” хондааст.
Ғулом Раббонӣ, узви шӯрои вилоятӣ ба хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” гуфтааст, Толибон бемористони маркази вилоятро зери назорат доранд. Вазорати умури дохилии Афғонистон хабар дод, ки дар даргирии миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дастикам 34 ҷангҷӯ кушта шудаанд.
Як намояндаи бахши тандурустии Кундуз гуфтааст, 3 сокини маҳаллӣ ҷон бохта, 41 нафари дигар захмӣ шудаанд. Даргириҳо дар Кундуз дар пасманзари интизориҳо аз музокироти сулҳи байни Амрико ва Толибон сурат мегирад.
Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 30-юми август гуфт, музокироми сулҳ хуб ҷараён дорад, вале ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Толибон хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро талаб доранд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 ҳазор сарбозу афсари хориҷӣ, ки аксарашон аз Амрико ҳастанд, дар Афғонистон қарор доранд.