Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои латту кӯби бераҳмонаи як муҳоҷирро дар Русия таҳқиқ мекунанд


Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи наворе оғоз кардаанд, ки дар он саҳнаи латту кӯби бераҳмонаи як мард ва захмӣ кардани ӯ бо корд аз сӯи чанд ҷавон дар Русия сабт шудааст. Ҳамлаварон ӯро "тоҷик" хитоб карда, борҳо барои он ки "дар ватани худаш наистоду ба Русия рафт", таҳқир намудаанд.

Навор шаби 30-юми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, вале маълум нест, ҳодиса кай ва дар кадом минтақаи Русия иттифоқ афтодааст. Ҳамчунин маълум нест, тақдири он марди муҳоҷир, ки дар навор дида мешавад аз дард ба худ мепечад, чӣ шуд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бояд пеш аз ҳама ин ҷузъиётро пайдо кунанд. "Бояд дақиқ кунем, ки ҳодиса кай ва дар куҷо шудааст. Марде, ки дар навор аст, оё воқеан тоҷик аст? Чун ҳеч гап назадааст. Дар куҷо сабт шудааст? Бояд ба ҳамаи суолҳо ҷавоб ёбем ва он вақт манзара рӯшан мешавад," -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигар дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия гуфт, рӯзи шанбе ба ҳама диаспора ё ҷамъияти тоҷикон дар он кишвар номаи расмӣ фиристодаанд, ки "агар марди дар наворбударо мешиносанд ва ё аз ин ҳодиса хабар доранд, онҳоро огоҳ кунанд".

Навори 3-дақиқаии латту кӯби як мард, ки эҳтимол меравад тоҷик аст, дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифи корбарон рӯ ба рӯ шуд. Бархе аз "беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия" шиква карда, пурсидаанд, "ӯ зинда бошад ё фавтидааст?" Баъзе тахмин задаанд, ки "шояд он муҳоҷир тоҷик набуд".

Иддае дигар қавмгароёнро барои чунин рафтори, ба қавли онҳо, "ғайриинсонӣ" маҳкум карда ва гуфтаанд, "набояд ҳеч кас, новобаста аз он ки муҳоҷири тоҷик аст ё узбек ва ё миллати дигар, чунин таҳқиру латту кӯб, захмӣ ва ё кушта шавад". Гуруҳе бовар доранд, ки "ин навор чанд сол қабл ва дар замоне ки қавмгароён зиёд буданд ва рӯйирост амал мекарданд", рух додааст.

Бо вуҷуди баҳсҳо, касе то ҳол эълон накардааст, ки ин муҳоҷирро шинохт ва киву аз куҷо буданашро медонад.

Дар навор низ ҳамлаварон рӯйи худро пинҳон кардаанд ва дар бораи маҳалли будубоши худ чизе намегӯянд. Яке аз ҳамлаварон аз марде, ки дар замин хобида буд, мепурсад: "Як бори дигар такрор кун, аз кадом миллат ҳастӣ?" Ҷавони латтукӯбшуда дар ҷавоб рӯяшро бо даст пӯшонда, танҳо нола мекунад.

Ҳамлаварон ӯро "тоҷик" мегӯянд ва якдигарро барои бештар задани ӯ ташвиқ мекунанд. Онҳо бо корд чанд дафъа ба пушти ҷавон мезананд. "Агар дар хонаат менишастӣ, ин рӯз ба сарат намеомад", -- мегуфт яке аз ҳамлаварон.

Дар як паҳлӯи видео “Кислота” навишта шудааст.

Ҷониби Русия ҳанӯз дар ин замина чизе нагуфтааст. Расонаҳои Русия низ дар ин бора гузориш надодаанд.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шуд, ки бар асоси гузориши расмии Омбудсмени кишвар тақрибан сӣ нафари онҳо "ба қатл расонда шудаанд". Ба иттилои расмӣ, муҳоҷирони дигар бештар дар садамаҳо, маҳалли сохтмон ва аз беморӣ ҷон додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ним миллион ва ҷониби Русия мегӯяд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд.

Аксари онҳо ба далели бекорӣ ва ё маоши паст дар ватан, ки аз мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон ба шумор меравад, худро то он ҷо расондаанд.

XS
SM
MD
LG