Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоирони ӯзбек барои Ҳаҷҷи беиҷоза бозпурсӣ шуданд


Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 28-уми август 35 шаҳрванди Ӯзбекистонро боздошт карданд, ки бе иҷозати Идораи мусулмонони ин кишвар (ИМӮ) барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ рафта буданд.

Яке аз зоирони боздоштшудаи ӯзбек гуфт, кормандони мақомоти махсус аз ӯ пурсиданд, ки бар ивази чи қадар маблағ, ҳамроҳи кӣ ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд ва дар он ҷо бо кӣ вохӯрданд.

"Мо 28-уми август аз Дубай ба Тошканд парвоз кардем. Кормандони мақомоти махсуси Ӯзбекистон моро дар фурудгоҳ боздошт карда, ба утоқе бурданд ва дар онҷо бо ҷавони ришдор Даврон рӯбарӯ карданд. Аз мо пурсиданд, ки ба ӯ чи қадар маблағ додем. Вале як зан, ки ҳамроҳи мо буд, ҷанҷолро бардошт ва гуфт, "барои ба Ҳаҷ рафтан 30 сол дар навбат истодам, вале навбатам нарасид. Мо дар онҷо ягон ҷинояткорӣ накардем, танҳо зиёрат ва дар ҳаққи президенти худ дуои хайр кардем".

Пас аз суханҳои ин зан муносибатҳо дигар шуданд ва моро онҷо 7 соат нигаҳ доштанд. Сипас моро ҷавоб дода, гуфтанд, шиносномаҳоятонро аз идораи пулис мегиред", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бар асоси қоидаи тартибу ташкили маросими иштирок дар Ҳаҷ ва Умра, ки аз сӯи Кумитаи умури дини Ӯзбекистон қабул шудааст, шаҳрвандони ин кишвар ҳақ надоранд, ба воситаи ширкатҳои хусусӣ ва бидуни мувофиқа бо Идораи мусулмонон ба Ҳаҷ бираванд.

Ҳамчунин бар асоси ин қоида, сафорати Арабистони Саудӣ додани раводидро ба шаҳрвандони Ӯзбекистон бе мувофиқа бо Идораи мусулмонони ин кишвар қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG