Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигоре, ки ҳамроҳи Зариф ба Шветсия рафт, фирор кард


Амиртавҳиди Фозил бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.
Амиртавҳиди Фозил бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.

Як хабарнигори эронӣ, ки дар оғози моҳи ҷорӣ ҳайате бо раҳбарии Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии он кишварро дар сафари расмӣ ба Аврупо ҳамроҳӣ мекард, фирор намуда, дар Шветсия паноҳандагии сиёсӣ хостааст.

Аммо мунтақидон ин амали Амиртавҳиди Фозилро суолбарангез медонанд ва ӯро ба ҳамкорӣ ба ниҳодҳои истихборотии Эрон муттаҳам мекунанд. Бархе мегӯянд, ки дархости паноҳандагии Фозил талоше аз сӯи ниҳодҳои истихборотии Эрон ба ҳадафи нуфуз дар миёни диаспора ё ҷамоаи эрониҳои муқими Ғарб мебошад.

Оҷонси муҳоҷирати Шветсия дар ниҳоят дар бораи дархости паноҳандагии Фозил тасмим хоҳад гирифт, ки оё ӯ иҷозаи иқомат дар Шветсияро хоҳад дошт, ё на. Фозил муҳаррири сиёсӣ дар хабаргузории "Мавҷ", наздик ба усулгароён, буд.

Фозил ба телевизиони Шветсия гуфтааст, вақте рӯзи 21-уми август бо ҳайати ҳамроҳи Зариф дар Стокҳолм буд, аз яке аз ҳамкоронаш дар Теҳрон ҳушдор дарёфт кард, ки чаҳор маъмури амниятӣ барои боздошти вай ба идораи хабаргузорӣ омадаанд.

"Ҳамкорам ҳушдор дод, ки хонаводаамро огоҳ кунам. Вай медонист, ки ман дар Эрон нестам. Ӯ ба ман гуфт, ки ба хонаводаам бигӯям, хонаро тарк кунанд", -- гуфт Фозил рӯзи 26-уми август дар мусоҳибаи телевизионӣ.

Ба қавли Фозил, ӯ давоми 20 соли ахир дар расонаҳои Эрон кор мекард, вале баъд аз нашри феҳрасти он мақомоти эронӣ, ки гуфта мешавад, дорои душаҳрвандӣ ҳастанд, фишор алайҳи ӯ оғоз шуд. "Ман феҳристро тавассути яке аз вакилон дарёфт кардам, ки нишон медод, раҳбарони баландпояи кишвар - ба шумули президент, муовинони ӯ ва мудирони иқтисодии кишвар ва мақомоти ниҳодҳои гуногун шаҳрвандии кишварҳоеро доштанд, ки ҳукумати Эронро онҳоро ҳамчун "душман" мешиносанд", -- гуфт Фозил.

"Ҳукумати Эрон ба таври расмӣ гуфт, ки дар робита ба ин феҳрист шикоят хоҳад бурд", - афзуд хабарнигор. Тибқи гузоришҳо, ин феҳрист аз сӯи вакили порлумон Ҷавод Карими Қуддусӣ -- яке аз мунтақидони президент Ҳасани Рӯҳонӣ ва вазири умури хориҷӣ Муҳаммадҷавод Зариф, дар ихтиёри Фозил қарор дода шудааст.

Эрон душаҳрвандиро эътироф намекунад ва дар моҳҳои ахир муҳокимаи афроди дорои душаҳрвандӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ, афзоиш ёфтааст.
Гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, онҳо "гаравгонҳо"-е ҳастанд, ки дар пасманзари танишҳои Эрон бо Ғарб, ҳамчун фишанг истифода мешавад.

Фозил ҳамчунин гуфт, ки пас аз нашри феҳристи душаҳрвандиҳо, ҳамсарашро аз кор ихроҷ карданд ва фарзандонаш дар қабул ба мактабҳо бо мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ӯ шарҳи бештаре надод.

Дар Эрон намунаҳои зиёди хомӯш кардани рӯзноманигорон аз тариқи тарс, фишор, озору азият ва муддати тӯлонии зиндон, сабт шудааст.
Созмони Гузоришгарони бидуни марз қароргоҳаш дар Порис мегӯяд, дар 40 соли ахир Эрон яке аз саркӯбгартарин кишварҳо барои рӯзноманигорон будааст. Аксарияти онҳое, ки ҳадаф қарор мегиранд, хабарнигорони расонаҳои наздик ба ҷиноҳи ислоҳталаб будаанд.

"Берун рафтан барои сигоркашӣ"

Фозил гуфт, ки вай нақшаи фирор аз ҳайати ҳамроҳи Зарифро дар меҳмонхонае дар Стокҳолм кашид, вақте рӯзи 21-уми август ҳайат аллакай ба Финландия ва Норвегия сафар карда буд. Ба гуфтаи Фозил, ӯ ба нигаҳбони амниятии эронӣ дар меҳмонхона гуфт, барои сигоркашӣ ба берун меравад. Дар иваз, гуфт Фозил, ӯ бо таксӣ худро ба наздиктарин қароргоҳи пулис расонд ва дархости паноҳандагӣ кард.

Аммо бархе аз хабарнигорон ин ривояти Фозилро зери суол мебаранд. Онҳо ӯро ба ҳамкорӣ бо мақомоти иктишофии Эрон барои хомӯш кардани садои мухолифон, хабарнигорони тарафдори ислоҳот ва фаъолони сиёсии эронӣ, муттаҳам мекунанд.

Хабарнигор Маҳдӣ Афшорнек, мегӯяд, гузоришҳои Фозил аз сӯи мақомоти эронӣ алайҳи ӯ истифода шуд. Афшорнек афзуд, ӯ дар соли 2011 пас аз тавлиди филми ҳуҷҷатӣ дар бораи ҷанги солҳои 1980-88 алайҳи Ироқ, боздошт шуд.

Хабарнигори муқими Ню-Йорк Рузбеҳ Миребраҳимӣ дар Твиттер навишт, Фозил дар яке аз ҷаласаҳои тафтишотӣ дар Эрон дар соли 2004, ки ӯро боздошт ва шиканҷа карданд, ширкат дошт.

Хабарнигори эронӣ муқими Берлин Эҳсон Нурӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки бархе аз кормандони расонаҳои усулгаро ҳамчун "ҷосуси дугона” дар либоси рӯзноманигор ва ҳамзамон барои ниҳодҳои ҷосусӣ кор мекунанд. "Онҳо тасмимгиранда нестанд, аммо онҳо барои амалӣ кардани сиёсатҳои ниҳодҳои амниятӣ фаъолият мекунанд",-гуфт Эҳсон Нурӣ.

Як хабарнигори муқими Теҳрон, ки қаблан дар як рӯзнома бо Фозил фаъолият кардааст, дар Фейсбук ӯро ба ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ барои хомӯш кардани садои мухолифон, муттаҳам кард.

"Фишори қавӣ"

Фозил аз сӯҳбат кардан бо Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ худдорӣ кард.

Аммо ӯ дар мусоҳибаи худ бо телевизиони Шветсия гуфтааст, ки вай аз сӯи ҳамаи ҷиноҳҳои фаъол дар саҳнаи сиёсии Эрон, мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Ӯ ба гузориши рӯзномаи усулгарои "Кайҳон" ишора кард, ки ӯро ба ҳамкорӣ бо ислоҳталабон муттаҳам мекард.

Фозил ҳамчунин иттиҳомот дар бораи ҳамкорӣ бо ҷиноҳҳои тундравро рад кард ва гуфт, ӯ омодаи ҳар гуна муҳокима аст, агар касе санаде дар даст дошта бошад, ки иқдомоти ӯ алайҳи рӯзноманигоронро исбот кунад.

"Ҳама метавонанд дар мавриди зиндагии худ тасмим бигиранд", навишт Фозил дар Твиттер ҳамагӣ се рӯз баъд аз ҷудо шуданаш аз ҳайати ҳамроҳи Зариф. "Ҳеҷ кас намедонад дар оянда чӣ иттифоқе рух медиҳад".

XS
SM
MD
LG