Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори собиқи Теҳрон пас аз 3 моҳи қатли ҳамсараш озод шуд


Додгоҳ, 22 июни соли 2019. Вакили дифоъ Ҳамид Ризо Гударзӣ ва Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ
Додгоҳ, 22 июни соли 2019. Вакили дифоъ Ҳамид Ризо Гударзӣ ва Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ

Собиқ шаҳрдори Теҳрон, ки барои қатли ҳамсари дуюмаш ба ҳукми марг маҳкум гардид, рӯзи 28 август баъди он ки хонаводаи қурбонӣ гуноҳашро бахшид, ба озодӣ баромад.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба вакили дифои ӯ Ҳамид Ризо Гударзӣ гуфтанд, ки Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ бо васиқаи тахминан 240 ҳазор доллар озод шуд. Наҷафӣ, ки инчунин ба хотири доштани силоҳи ғайриқонунӣ ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд, ба бозбинӣ шудани ин ҳукм муроҷиат кардааст.

Муҳаммад Алӣ Наҷафии 67-сола рӯзи 28 май ҳамсари дуюми худ Митро Устоди 35-соларо дар хонааш дар як маҳаллаи Теҳрон ба қатл расонид. Полис ҷасади Устодро бо чанд осори тир дар қафаси синааш пайдо кард. Чанд соат баъди ин худи Наҷафӣ ҳам ба полис таслим шуд. Ӯ гуфт, ки онҳо дар зиндагӣ ихтилофи назар доштанд.

Бар асоси Кодекси ҷиноии Эрон, дар сурати қасдан куштани инсон, хонаводаи қурбонӣ метавонад аз қотил хунбаҳо талаб кунанд ва ҳам ӯро бубахшад. Бародари Митро Устод дар Инстаграми худ навишт, ки тасмими хонавода ин шуд, ки Наҷафиро бидуни талаби хунбаҳо мебахшанд. Ин ба он маъност, ки Наҷафӣ эъдом намешавад ва ҳам хунбаҳои қатли ҳамсарро пардохт намекунад. Ба иттилои вакили дифои Наҷафӣ, баъди ин қарор додгоҳ розӣ шуд, ки бо сабаби мариз будани зерҳимояаш ӯро ҳамчун ҳабси хонагӣ озод кунад.

Вале ҳукми Наҷафӣ онҳоеро хашмгин кард, ки барои ҷурмҳои сабук ва бештар сиёсӣ ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирифтаанд. Аз ҷумла, ахиран бо як ҳукми додгоҳ зани 24-сола барои риоя накардани қоидаи пӯшидани ҳиҷоб ба 24 соли зиндон маҳкум шуд ва додрас ҳам гуфт, ки ин зан бояд пушти панҷара бимонад. Тарафдорони ин зан мегӯянд, ки низоми додгоҳӣ ба як қотил ва узви системаи ҳукумати Эрон иҷоза медиҳад, ки ба озодӣ барояд, вале барои як зан танҳо барои сарфи назар кардани ҳиҷоб ҳукми тӯлонии зиндон медиҳад.

XS
SM
MD
LG