Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РАО/РО аз Тоҷикистон хост, хабарнигоронашро сабти ном кунад


Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ ҳангоми мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе. 27-уми августи 2019
Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ ҳангоми мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе. 27-уми августи 2019

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пас аз мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 27-уми август гуфт, аз имконоти матбуоти мустақил барои фаъолоияти озодона дар кишвар, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ТВ "Настоящее время", нигарон аст.

Ҷейми Флай дар як сафари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ӯ рӯзҳои 26-27-уми август дар Душанбе бо мақомоти тоҷик, ҷомеаи журналистӣ ва кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе мулоқот кард.

​Дар изҳороти РАО/РО омадааст, Ҷеймӣ Флай дар мулоқот ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба таври ошкор баён дошт, ки Радиои Озодӣ дар бораи ҳар кишваре, ки гузориш медиҳад ва ҳар кишваре, ки дар он бюро дорад, меъёрҳои рӯзноманигориро риоя мекунад.

"Мо бетарафии худро ҳифз мекунем. Имкон медиҳем, ки назарҳои гуногуни сиёсӣ шунида шаванд", - гуфтааст Ҷейми Флай.

Президенти Радиои Озодӣ ҳамчунин умедворӣ кардааст, "ҳукумат ҳам инро дарк мекунад, ки ба нафъи ҳукумат аст, то мардуми тоҷик аз доираи васеътари назарҳои сиёсӣ огоҳ бошад".

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба нашри хабари мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай шоми сешанбе гуфт, ду ҷониб роҷеъ ба масъалаи фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин нақши расонаҳо дар ҳаёти ҷомеа гуфтугӯ кардаанд.

Дар хабарномаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, Сироҷиддин Муҳриддин "зимни таъкид бар зарурати риояи озодии сухан ва матбуот, ба масъулияти расонаҳо дар ҳифзи сулҳу оромиш дар ҷомеа ишора намуд".

Дар ҳоли ҳозир ҳашт хабарнигору кормандони дигари Радиои Озодӣ бинобар надоштани иҷозатномаи кор аз сӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, аз идомаи фаъолият маҳрум мебошанд.

Ду нафари онҳо хабарнигороне ҳастанд, ки нав қабул шуданд ва панҷ тани дигар мунтазири тамдиди аккредитатсияи худ ҳастанд. Як нафар аз соли 2017 мунтазири тамдиди иҷозатномаи кор аст. Аз моҳи июни имсол наворбардор Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ) низ аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуд.

Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Ҳамчунин дастрасӣ ба саҳифаи Радиои Озодӣ ва Фейсбуки он дар пасманзари мақолаҳо роҷеъ ба мухолифони сиёсӣ ва фасод, маҳдуд шуда буд.

XS
SM
MD
LG