Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхторҳои ҷангалҳои Амазон дар маркази таваҷҷӯҳи G7


Раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгонаи саноатӣ рӯзи 26 август ҷаласаи худро бо баррасии мушкилоти муҳими ҷаҳон, аз ҷумла, сӯхторҳои нобудкунандаи ҷангалҳои Амазон ба анҷом мерасонанд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки дар мулоқоти раҳбарон дар осоишгоҳи воқеъ дар соҳилҳои ҷанубуғарбии Биарритс созиши эҳтимолӣ бар сари ироаи кӯмакҳои “фанниву молӣ” қабул хоҳад шуд. Гурӯҳи кишварҳои Ҳафтгона аз ИМА, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Итолиё, Бритониё ва Канада иборат аст.

Сӯхторҳои шадиде ҷангалҳои Амазон, ба вижа қаламравҳои Бразилияро осеб расонида, боиси эҷоди нигарониҳои ҷиддӣ аз харобшавии муҳити зист гардидааст. Мунаққидон президенти Бразилия Жаир Болсонаруро барои тадбирҳои зидди ҳифзи муҳити зист ва изҳороти харобкоронааш интиқод карданд.

Ҷаласаи аъзои кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона рӯзи 25 август баъди ногаҳон дар маҷлис ҳозир шудани вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф ранги дигар гирифт. Зариф гуфт, ки ба хотири баррасии бӯҳрони баамаломадаи дипломатӣ дар атрофи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ба ин ҷаласа ҳозир шуд.

XS
SM
MD
LG