Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифони Русия пас аз 30 рӯз озод шуд


Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний пас аз сипарӣ кардани 30 рӯз, аз маҳбаси Маскав озод шуд. Ӯ ба нақзи қонуни баргузории гирдиҳамоӣ ва ҳамоишҳо, муттаҳам шуда буд.

Алексей Навалний пас аз раҳоӣ аз маҳбас рӯзи 23-юми август ба хабарнигорон гуфт, шаке надорад, ки иқдоми мақомоти Русия дар иртибот бо дастгирии афрод, мавҷи эътирозҳоро афзоиш хоҳад дод.

Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия тайи моҳҳои июл ва август шоҳиди эътирозҳои ҷиддӣ буданд. Мақомот бархе ин ҳамоишҳоро иҷоза дода буданд ва бархе аз ин гирдиҳамоиҳо бидуни иҷоза баргузор шуданд.

Комиссияи марказии интихоботи Русия тақрибан ба тамоми ҷонибдорони мухолифони сиёсӣ Алексей Навалний ва Дмитрий Гудков, бештари номзадҳои Ҳизби "Яблоко" иҷозат надоданд, ки дар интихобот иштирок кунанд. Навалний, аз мунтақидони ҳукумати Русия моҳи гузашта пас аз он, ки ба тазоҳуроти сартосарӣ дар Маскав даъват кард, аз сӯи додгоҳ ба 30 рӯз зиндон маҳкум шуд.

Бархе аз номзадҳое, ки ба гурӯҳи Навалний ё Бунёди мубориза бо фасод пайванде доштанд, мавриди азият қарор гирифтанд ва шуморе аз онҳо ҳабси хонагӣ шуданд ва манзилҳои онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифт. Дар охирин таҳаввулот, яке аз ҳамкорони Навалний рӯзи 22-юми август дар назди манзилаш дар шаҳри Санкт-Петербург, мавриди ҳамла қарор гирифт.

"Ҳоло мебинем, ки дурӯғ ва тақаллуб барои онҳо кофӣ нест. Ин барои онҳо басанда нест, ки номзадҳоро аз ширкат дар интихобот манъ карданд. Онҳо қасдан мехоҳанд, ки даҳҳо нафарро боздошт кунанд ва садҳо нафарро латукӯб намоянд. Ин нишон медиҳад, ки ин режим ҳеҷ пуштибоне надорад",-гуфт Навалний рӯзи 23-юми август ба хабарнигорон.

Ҳангоми дар зиндон будан, Навалний ба бемористон интиқол дода шуд ва табибон гуфтанд, ки гирифтори аллегрия ё ҳассосият шудааст. Аммо бархе аз тарафдоронаш ба ин гуфтаи табибон шубҳа карданд ва гуфтанд, ки ӯро заҳролуд карданд. Ӯ пеш аз он, ки бар маҳбас баргардад, 19 соатро дар бемористон сипарӣ кард.

Раҳбари зиндоне, ки Навалний муҳлати ҷазои худро адо мекард, рӯзи 22-юми август аз додгоҳи Маскав хост, ки раҳоии ӯро ба таъхир андозад, аммо додгоҳ ин талаби ӯро рад кард.

Эътирозҳо пас аз он оғоз шуд, ки мақомоти интихоботии Маскав дар моҳи июл монеи ширкати номзадҳои мустақил дар интихоботи Маскав шуданд.

Масъулони баргузории интихобот гуфтанд, ки номзадҳо ба андозаи кофӣ имзоҳои заруриро барои раъйгирӣ ҷамъ накарданд. Аммо номзадҳо ин иддаоро рад намуда ва мақомотро муттаҳам намуданд, ки онҳоро аз фурсати ширкат дар интихобот ба нафъи номзадҳои тарафдори Кремлин маҳрум карданд.

Дар ҳоли ҳозир аксарияти 45 курсии Думаи шаҳри Маскавро намояндагони ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар даст доранд. Давраи фаъолияти ин маҷлис панҷ сол мебошад. Қарор аст интихобот рӯзи 8-уми сентябр баргузор шавад.

Аз сӣ тан номзадҳое, ки иштироки онҳо дар интихобот манъ шуд, панҷ нафар барои Бунёди мубориза бо фасод, ки аз сӯи Алексей Навалний таъсис шудааст, кор мекунанд. Любов Собол, яке аз ташкилкунандагони эътирозҳо ҳам аз аъзои ин бунёд мебошад ва чандин бор аз сӯи пулис боздошт шудааст.

Мақомоти Русия ҳамчунин рӯзи 3-юми август алайҳи Бунёди мубориза бо фасод ба иттиҳоми дарёфти маблағ аз манбаъҳои ғайриқонунӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз карданд. Навалний ва муттаҳидонаш мегӯянд, ки фаъолияти ин бунёд шаффоф буда, аз сӯи мардум маблағгузорӣ мешавад.

Ҳамзамон, Олга Гусева, муовини раҳбари гурӯҳи Навалний дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, ки рӯзи 22-юми август дар наздик манзилаш ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ӯ дар Твиттер навишт, ҳамлавар талош кард моеи номаълумро бар рӯи ӯ бипошад, аммо ӯ садамае надид.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG