Дастаи мунтахаби духтарони зери 15-солаи Тоҷикистон (U-15) дар қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 13-ум то 16-уми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтаронаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок мекунанд.
Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2019 ҳамагӣ шаш бозӣ доир мегардад. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари гирифтааш маълум хоҳад шуд.
Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби духтарона (U-15)
Даври 1-ум
13-уми сентябр (ҷумъа)
17:00 – Узбекистон – Қирғизистон
19:30 – Эрон – Тоҷикистон
Даври 2-юм
14-уми сентябр (шанбе)
17:00 – Қирғизистон – Эрон
19:30 – Тоҷикистон – Узбекистон
Даври 3-юм
16-уми сентябр (душанбе)
17:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон
19:30 – Узбекистон — Эрон
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи декабри соли гузашта дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Тошканд доир шуда буд, бо шаш имтиёз барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.
Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар ду бозӣ бар тимҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғолиб омада, аз тимҳои Узбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) шикаст хӯрд.
Мунтахаби Узбекистон бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва бо ҷому медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гашт. Тими Эрон, ки бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.
Боз як говсуд шудааст ку...
Уйгурохои бечора дар кчои олам ороми надоранд , дах сол пеш як дусти уйгури моро аз бозори корвон милисахо капида бурданд то хозир не хаташ аст не хабараш , хамон вакт гуфта буданд ки ба хитой фиристодан , прокуратура дар авал дело кушода буд бадан делоро атменит кард , хамон рузу шаб бист уйгурро аз душанбе ба хитой бурданд , касе ба доди шикояти наздикхои онхо то хол нарасидаст , базеашона пропавший безвести гуфтан.
Омадани Байден ба маснади роҳбари ИМА тағйироти ҷиддие дар дунё хоҳад расонд. Интизорем то Навалний коре кунад то пуштибони фасодзадаҳо ва режими диктаторӣ ва хонаводагӣ аз кишварҳои ОМ рӯбида гардад, то мардум нафаси озод кашанд ва бубинанд сартватҳои мардум фақат дар кисаи як хонавода гирд меомадааст.
Муҳтарам Хусрав Дамонзода шумо дар ҳақиқат дар гапатон меистода будастаед ва маҳз аз рузи 6-уми январ ки шумо ба он маҳалла ташриф овардед сохтмони корхонаи пластики манъ нашуд баракс авҷ гирифт . аз кучо барои шумо саломатии сокинон арзиш дорад.
Салом . Агар дигарандеши, ба манфиати дигарон бошад, ба зарари миллат, ва манфиати миллат, ва амнияти миллат ва фоидаи ғарб бошад чи? Юристи азиз агар торихро назар кунӣ ҳамеша ғарб бо шарқ хуб набуд и нахоҳад шуд. Дигарандеши дар ҳамон америка, ки ҳама аз у тақлид мекунад ду ҷараён (партия) вуҷуд дорад як қисми мардуми Амрико норози ҳастан аз амали демократҳои худашон чаро? Камтар таҳлил кун аммо на кур курона. Агар ҳарфҳои ман шуморо нороҳат кард узр мехоҳам. Аммо инро бидон ҳақиқати майдони ҳамин ҳаст на расонаҳо