Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони пешини Қирғизистон дар робита ба озодии Батукаев ҳабс шуд


Зидди додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев бо гумони фасодкорӣ айб эълом шудааст. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Индира Ҷолдубоеваро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Индира Ҷолдубоева аз моҳи январи соли 2015 то моҳи апрели соли 2018 додситони кулли Қирғизистон буд. Ӯ қаблан раҳбарии шуъбаи ислоҳоти додгоҳӣ ва волоияти қонуни дастгоҳи президентро бар зимма дошт.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG