Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Халилзод ба Қатар. Умедворӣ дар бораи ниҳоӣ кардани музокирот бо Толибон


Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон, рӯзи сешанбеи 20-уми август ҳини бозгашти дигарбора ба Қатар нисбат ба даст ёфтан ба тавофуқи сулҳ бо Толибон, ибрози умедворӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", чанд соат пас аз эълони хабари бозгашти Залмай Халилзод ба Қатар, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "мо 18 сол дар инҷо (Афғонистон) ҳузур дорем. Мо бо ҳукумати Афғонистон дар ҳоли музокира ҳастем ва бо Толибон ҳам дар ҳоли музокира мебошем. Мо музокироти хубе дорем ва бояд бубинем чӣ рух медиҳад".

Оқои Халилзод ҳафтаи гузашта пас аз поёни давраи ҳаштуми музокироти ҳайати амрикоӣ ва намояндагони гурӯҳи Толибон дар Қатар, гуфта буд, музокироти онҳо бар сари масоили боқимонда барои даст ёфтан ба як созишнома бо Толибон равона шуда буд, ки хуруҷи машрути нерӯҳои амрикоиро фароҳам мекунад. Вай таъкид карда буд, ки "пешрафти хубе доштаем".

Залмай Халилзод ҳангоми бозгашт ба Қатар дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "ҳафтаи пурборе дар Вашингтон доштам. Маълумоти даркориро дар бораи ин, ки куҷо истодаем ва қадами баъдӣ чист, дар ихтиёри раҳбарон қарор додам".

Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар идома гуфтааст, "дубора дар роҳ (бозгашт) ҳастам. Ибтидо дар Давҳа таваққуф хоҳам кард. Ҷое, ки талош хоҳем кард масоили боқимондаро ҳаллу фасл кунем. Мо омодаем. Бояд бубинем, ки оё Толибон ҳам омодаанд".

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, оқои Халилзод пас аз Давҳа дар талош хоҳад буд, то заминаи музокироти ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибонро фароҳам кунад. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳам аз раванди музокирот бо Толибон ибрози хушнудӣ кардааст.

Ҳашт даври музокироти Залмай Халилзод дар Қатар бо намояндагони Толибон барои даст ёфтан ба сулҳи фарогир дар Афғонистон, то ҳафтаи гузашта идома кард.

Созиши дуҷонибаи Амрико ва гурӯҳи Толибон шомили хуруҷи тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва дар муқобил боварӣ ҳосил кардан, ки хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ истифода намешавад, мебошад. Пас аз ин тавофуқ, қарор аст музокироти фарогир барои сулҳи Афғонистон байни гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсии мухталиф дар ин кишвар оғоз шавад.

Майк Помпео ду ҳафта пеш гуфта буд, дастури Доналд Трамп коҳиши нерӯҳои низомии амрикоӣ дар Афғонистон то пеш аз интихоботи президентӣ дар соли 2020 аст. Расонаҳои амрикоӣ ахиран гузориш доданд, ки Амрико дар қадами нахуст шуморе аз нерӯҳои худро аз 14 ҳазор ба 7 ҳазор нафар коҳиш хоҳад дод.

Ҷанги Афғонистон тӯлонитарин набарде аст, ки Амрикоро даргири худ кардааст. Ҷанг дар ин кишвар ба кушта шудани даҳҳо ҳазор тан аз низомиён ва ғайринизомиё боис шудааст. Бино бар гузоришҳои расмии вазорати дифои Амрико, то моҳи июни соли ҷорӣ беш аз 2210 низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG