Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Меркел: "Олмон ба бурунрафти бидуни созиши Бритониё аз ИА омодааст"

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел 18-уми август гуфт, барои ҳукумати кишвараш бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) бидуни созиш ғайриинтизор нахоҳад буд.

Меркел афзуд, ки агар Бритониё бар асоси созиш аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад беҳтар аст. "Вале ҳукумати Олмон ба гузинаҳои дигар низ омодааст",-иқтибос овардааст "Мавҷи Олмон" аз суханони Меркел.

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон борҳо гуфта буд, ки кишвараш ҳатто бидуни созиш ҳам бошад то 31 октябр аз иттиҳод хориҷ мешавад.

Раиси Ҳизби мухолифи коргари Бритониё Ҷеремӣ Корбин бар ин аст, ки ҳукумат салоҳият надорад, ки кишварашро бидуни созиш аз иттиҳод хориҷ кунад. Ӯ 14 август ба раҳбарони аҳзоби мухолиф ва вакилони порлумони кишвараш нома навишт. Корбин мехоҳад, аз бурунрафти кишвараш бидуни созиш пешгирӣ кунад. Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кард, ки барои изҳори нобоварӣ ба Ҷонсон раъйгирӣ баргузор шавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Сафир гуфт, қазияи аз ошёнаи дувум партофтани муҳоҷири тоҷикро пайгирӣ мекунанд

Акбарҷон Холиқов, як муҳоҷири тоҷик.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи қазияи Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири 22- солаи тоҷик шудааст. Дар ин бора Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории "Азия -плюс" баён доштааст. Сафир гуфтааст, онҳо аз ин қазия огоҳ буда, фарди муттаҳам боздошт шудааст ва тафтишот идома дорад.

Ба қавли Имомиддин Сатторов, онҳо ба Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Коптевои Маскав нома фиристода, дар он, талаб карданд, ки ҳодиса ҳаматарфа таҳқиқ карда шавад. "Сафорат ин қазияро зери назорат гирифтааст"-хулоса намудаст, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Пайвандони Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири 22-солаи тоҷик, шикоят доранд, ки муовини мудири корхонаи "Жилишник"-и ноҳияи Коптево дар Маскав, Андрей Третяков, фарзанди онҳоро аз ошёнаи дувуми хобгоҳ ба замин партофтааст. Ҳодиса рӯзи 1-уми апрел рӯй дода, муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарист.

Акбарҷон Холиқов ба ҳайси роҳрӯб дар ҳамин идора кор мекард ва дар хобгоҳи он мезист. Третяков фарзияи дигареро пеш оварда, гуфтааст, гӯё роҳрӯби тоҷик худро аз ошёнаи дувум ба замин ҳаво дод.

Волидони Акбарҷон Холиқов гуфтанд, ӯ дар беморхонаи Боткини шаҳри Маскав ба ҳуш омадааст, вале вазъаш ҳамчунон нигаронкунанда аст.

Мақомоти пулиси ноҳияи Коптево гуфтаанд, ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад, вале то замоне ки Акбарҷон Холиқов қазияро нақл накунад, ҳақиқати ҳол пурра рӯшан нахоҳад шуд.

Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон ба корона мубтало шуд

Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон.

Дафтари матбуоти порлумони Эрон рӯзи панҷшанбеи 2-юми апрел хабар дод, ки Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси исломӣ ё порлумони он кишвар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шуда, дар карантин ба сар мебарад. Манбаъ гуфтааст, ки дар пайи пайдо шудани бархе аломатҳои беморӣ, аз ӯ тести корона гирифта шуд ва натиҷаи он мусбат буд ва ҳоло дар карантин ва таҳти муолиҷа аст.

Алӣ Лориҷонӣ болотарин мақоми Эрон аст, ки хабари гирифтории ӯ ба корона ба таври расмӣ эълом мешавад. Пеш аз ин Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳур, Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, аз саршиностарин афроде буданд, ки хабари гирифтории онҳо ба коронавирус эълом шуда буд.

Гирифторӣ ба коронавирус дар миёни шахсиятҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони Ҷумҳурии исломӣ нисбатан зиёд буда ва шуморе аз аъзои кобина ва ду мақоми дафтари раҳбари Эрон низ ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Дар ҳафтаҳои гузашта гузоришҳои расмӣ дар бораи ҷон бохтани чанд мақом ва чеҳраи сиёсии Эрон ба сабаби ҳамин беморӣ нашр шуда буд.

Аз ҷумлаи ин афрод метавон ба фавти Муҳаммад Мирмуҳаммадӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, Ҳусейн Шайхулислом, муовини пешини вазири хориҷӣ, Ҳодӣ Хусравшоҳӣ, сафири пешини Эрон дар Ватикан, ишора кард. Фотима Раҳбар, узви порлумон ва Муҳаммадалӣ Рамазонӣ, намояндаи дигари порлумон низ бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустии Эрон, то кунун беш аз 50 ҳазор нафар дар Эрон ба коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи қурбониёни вирус дар Эрон аз се ҳазор бештар мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори ҷамъовардаи Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ аз изҳороти парокандаи мақомҳои расмии маҳаллӣ ва манобеъ дар вазорати тандурустии он кишвар, то кунун беш аз 70 ҳазор нафар бинобар доштани аломатҳои корона дар 31 вилояти Эрон бистарӣ шуда ё таҳти назар қарор доранд. Ин омор ҳамчунин нишон медиҳад, ки то се рӯзи пеш ҳади ақал 4762 нафар дар 31 вилоят ҷони худро аз даст додаанд.

Дар Туркманистон дарёфти асъори хориҷӣ аз бонкҳо номумкин шуд

Яке аз нуқтаҳои мубодилаи пул. Шаҳри Ишқобод, Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Туркманистон сар аз 1-уми апрел гирифтани асъори хориҷиро дар бонкҳо манъ карданд.

Намояндаи чанд бонк ба шарти ифшо нашудани номашон ба расонаҳо гуфтанд, Бонки марказии Туркманистон фармони шифоҳӣ додааст, ки соҳибони суратҳисобҳои бонкӣ метавонанд, танҳо асъори миллӣ дарёфт кунанд.

Ин муқаррарот ба кормандони ширкатҳои хориҷӣ ҳам дахл дорад.

Бонки марказии Туркманистон соли 2015 қурби расмии манатро дар баробари доллар муайян кард. Аз он замон то кунун расман 1 доллар 3,5 манат арзиш дорад. Аммо дар бозори сиёҳ табодули арз панҷ баробари қурби расмӣ аст. Аз моҳи январи соли 2016 табодули асъори нақд дар он кишвар манъ шудааст.

Моҳи гузашта мақомоти он кишвар назорати гардиши асъори хориҷиро дар пайи уфти қимати маводи сӯхт сахттар карданд.

Дар Узбекистон равуо байни минтақаҳоро манъ карданд

Шаҳри Тошканд, Узбекистон.

Дар Узбекистон равуои шаҳрвандон ба минтақаҳо, ҳатто ба ҷанозаи наздикон ва беморбинии пайвандон, манъ шуд. Дар ин бора Шоҳрух Ғиёсов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, маҳдудиятҳои карантин бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ шудааст.

"Ин талабот барои ҳама яксон аст. Ҳатто дар сурати марги наздикон ҳам шаҳрвандон наметавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар раванд", - гуфт Шоҳрух Ғиёсов. Вай илова кард, ки афроди бистарии беморхонаҳо баъди табобат гирифтан метавонанд ба маҳалли зисти доимии худ раванд.

"Аммо касоне ки беморони рухсатшударо то маҳали зисташон ҳамроҳӣ мекунанд, то поёни давраи карантин ҳаққи баргаштанро надоранд. Барои мисол, агар касе аз Тошканд бемореро ба минтақае бурд, иҷозаи ба Тошканд баргаштанро надорад", - шарҳ дод Ғиёсов.

Карантин дар Узбекистон дар робита ба паҳншавии вируси корона аз 16 март шуруъ шуд. Сар аз 27 март сокинони Узбекистон аз ҳаққи кӯча баромадан бе зарурат маҳрум шуданд. Шаҳрвандон метавонанд, танҳо барои харидани ғизо ё дору ба берун бароянд.

То 2 апрел дар Узбекистон 205 мавриди гирифторӣ ба вируси корона ва ду ҳолати фавт сабт шудааст.

Чин ба Қирғизистон 21 ҳазор тести санҷиши коронавирус дод

Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов бо сафири Чин Ду Девен.

Ҳукумати Чин ба Қирғизистон 21 ҳазор тести санҷиши фаврии коронавирус ё худ COVID-19 дод. Дар ин бора ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба огаҳии ситод, ин тестҳо дар муддати 20 дақиқа муайян хоҳанд кард, ки шахс ба коронавирус мубтало шудааст, ё не. Дар Қирғизистон то 2-юми апрел 116 кас ба коронавирус мубтало шудааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба дабири кулли СММ Антониу Гутерриш паём фиристодааст.

Ҷеенбеков дар паёмаш аз даъвати Гутерриш барои роҳандозии нақшаи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстона ба маблағи 2 млрд доллар барои сармоягузории мубориза бо коронавирус ҷонибдорӣ кардааст.

Президенти Қирғизистон ҳамчунин дар бораи мушкилиҳое гуфтааст, ки кишвараш дар мубориза бо коронавирус рӯбарӯ мешавад.

Дар Алмато як маҳалларо бо 20 ҳазор одам карантин карданд

Шаҳри Алмато.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон маҳаллаи "Асил Ормон"-ро баъди ошкор шудани ҳолати дувуми мубталошавӣ ба коронавирус дар он пурра карантин карданд. "Асил Ормон" аз 21 бинои зисти баландошёна иборат буда, тақрибан 20 ҳазор сокин дорад.

"Ниҳодҳои дахлдор бо мақсади таъмини амният ва пешгирӣ аз паҳни вирус "Асил Ормон"-ро бастанд. Сокинони он бо ғизо, маводи тиббӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал таъмин карда мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти Алмато.

Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятии маҳалла корҳои зидди уфунӣ анҷом шуда, нуқтаи махсуси тиббӣ низ барои сокинони он ташкил карда мешавад.

Дар Қазоқистон то ҳол дар чандин бинои шаҳри Алмато, Нурсултон, Қарағанда ва ҷойҳои дигар каратин эълом шуда буд, вале ин бори аввал аст, ки як маҳаллаи серодамро пурра ба карантин мегиранд.

Дар Қазоқистон дар умум то ба имрӯз 435 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Владимир Путин "рӯзҳои ғайрикорӣ"-ро то 30 апрел дароз кард

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар паёми худ ба мардуми кишвараш муҳлати низоми рӯзҳои ғайрикориро то 30 апрел дароз кард. Вай гуфт, маоши кормандон бо вуҷуди нарафтан ба кор бояд пардохт шавад. Путин ҳамчунин салоҳиятҳои раҳбарони минтақаҳои Русияро бештар кард, то дар сурати зарурӣ тадбирҳои пешгирикунандаро биандешанд.

Путин ҳолати фавқулода эълом накард. "Медуза" ва "Откритые медиа" пештар бо истинод ба манбаъҳои худ дар маъмурияти президенти Русия навиштанд, ки Путин чораҳои карантинии марбут ба коронавирусро "ғайримаъруф" ва хатар ба рейтинги худ медонад. Бинобар ин, дар Русия вазъи фавқулода эълом намешавад.

Путин намехоҳад, мардумро "тарсонад". Маҳз барои ин, аз ибораҳои "гӯшанишинии дастаҷамъӣ" ва "ҳафтаи ғайрикорӣ" истифода мешавад.

Дар Русия 2 апрели соли равон 771 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуда, шумори умумии беморон ба 3548 расид. Бештари ҳолатҳо - 2475 дар шаҳри Москва ошкор шудааст.

Теъдоди гирифторон ба коронавирус аз 1 миллион нафар гузашт

Киев, Украина. 1-уми апрели 2020

Бар асоси омори навтарини Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс (Амрико), шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон рӯзи дувуми апрел аз 1 миллион нафар бештар шуд.

Зиёда аз 51 ҳазор кас бар асари олудагӣ ба бемории ҳамагир ҷони худро аз даст додаанд. Бовар меравад, теъдоди воқеии фавтидагон ва мубталоён аз омори эълоншуда бештар аст.

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, шумори зиёди гирифторон ба коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабт шуда, ба беш аз 236 ҳазор нафар баробар аст.

Итолиё аз ҳама зиёдтар қурбонӣ додааст. То ин дам дар ин кишвари аврупоӣ беш аз 13 ҳазор нафар бар асари олудагӣ ба вируси нав ҷон бохтаанд.

Бемории КОВИД-19 бори аввал охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ онро рӯзи 11-уми март пандемия эътироф кард.

Путин дастур дод, ки карантини Русия то охири моҳ тамдид ёбад

Путин дастур дод, ки карантини Русия то охири моҳ тамдид ёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Ҳушдори нави Доналд Трамп ба Эрон ва ҳампаймононаш

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти Амрико, ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, агар Эрон ё ҳампаймононаш ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва дороиҳояш дар Ироқ ҳамла кунанд, бо баҳои гарон пардохт хоҳад кард.

Трамп рӯзи 1-уми апрел дар Твиттер навишт, "аз рӯи маълумот ва бовар, Эрону гуруҳҳои наздик ба он дар ҳоли тарҳрезии ҳамлаи ғофилгиронае ба нерӯҳои ИМА ва дороиҳояш дар Ироқ ҳастанд."

Вай афзудааст: "Агар чунин шавад, дар ҳақиқат Эрон бо баҳои гарон пардохт хоҳад кард!"

Аммо ҳамоно рӯшан набуд, ки оё Трамп гуфтанӣ аст, Иёлоти Муттаҳида воқеан дар бораи ин нақша маълумоти кофӣ дорад, ё не. Иёлоти Муттаҳида дар давоми соли гузашта шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти Эронро дар ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Ироқ айбдор кард, ки мизбони нерӯҳои эътилофӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ, бахусус намояндагии Иёлоти Муттаҳида мебошад.

Чанд соат пеш аз навиштаҳои Трамп, ёрдамчии калони раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ Иёлоти Муттаҳидаро аз оқибатҳои "амалҳои иғвогаронааш" дар Ироқ ҳушдор дода буд.

11-уми март аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи Ироқ ду сарбози ИМА ва як сарбози бритониёӣ кушта шуданд, ки шиддатро дар минтақа афзуд. Касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт. Ин ҳамла пас аз ҳуҷуми ҳавоии ИМА ба гурӯҳи тарафдори Эрон “Катойиби Ҳизбуллоҳ" буд.

Президенти Филиппин: дар сурати муқобила нишон додан, гирифторони вирус "кушта шаванд"

Родриго Дутерте, раиси ҷумҳури Филиппин.

Родриго Дутерте, президенти Филиппин гуфт, ки ба пулис ва артиш дастур додааст, дар сурати муқобила нишон додан ва таҳдид ба ҳаёти кормандони мақомот, гирифторони вируси корона "кушта шаванд".

"Фармони ман ба пулис ва артиш: агар чунин мушкиле мавҷуд аст ва агар чунин ҳолат пеш ояд, ки онҳо муқобила нишон диҳанд ва ба ҳаёти шумо хатар эҷод кунанд - кушед. Фаҳмост? Кушед", - гуфт Дутерте дар як муроҷиати телевизионӣ.

Вай шарҳ дод, чунин дастур ба касоне ҳам дахл дорад, ки ба карантин фиристода шуданд, аммо онро риоя накарданд.

Роҳбари пулиси миллӣ гуфт, президент дар суханрониаш "ҷиддӣ будани интизоми ҷамъиятиро ба намоиш гузошт" ва дар воқеъ пулис ба сӯи касе тир нахоҳад кушод.

Ба иттилои расмӣ, то ин замон дар Филиппин 96 сокин аз вируси корона фавтида ва бештар аз 2300 кас ба он гирифтор шудааст. Аммо ин омор метавонад, ба далели камбуди дастгоҳҳои ташхис, нокомил бошад.

"Вазъ бадтар мешавад. Аз ҳамин хотир ман бори дигар аз ҷиддӣ будани мушкил ёдовар мешавам ва шумо бояд ба ҳарфи ман гӯш диҳед", - гуфт Дутерте дар муроҷиати телевизиониаш.

Дутерте пештар аз ин ҳам ба содир кардани хушунат даъват карда буд. Барои мисол, вай дар як мусоҳиба дар соли 2015 гуфта буд: "Агар зарурати куштан (-и одам) пеш ояд - ман мекушам".

Узбекистониҳои аз 65-сола болоро аз ҳаққи кӯча баромадан маҳрум карданд

Кӯчаҳои холии Тошканд.

Дар Узбекистон сар аз 1-уми апрел афроди аз 65-сола боло иҷозаи аз хона баромаданро надоранд. Ба наздиктарин мағоза ва ё дорухона рафтан истисност.

Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди вируси корона чунин қарор қабул кард.

"Сар аз 1 апрел шаҳрвандони аз 65-сола боло хонаҳояшонро набояд тарк кунанд. Ба мағоза ва ё дорухонаи наздики манзил рафтан истисност", - хабар додааст комиссия.

Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, 190 шаҳрванди ин кишвар мубтало ба коронавирус шудаанд. Аз ин шумор 12 кас шифо ёфт, ду тан вафот кардааст.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон аз 400 нафар гузашт

Яке аз бемористонҳои Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон аз сабти 16 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод. Дар маҷмӯъ, то 2-юми рӯзи апрел дар Қазоқистон 402 ҳолати гирифторӣ сабт шудааст.

Дар пайи гирифторӣ аз вируси нав дар Қазоқистон се кас фавтида ва дар маҷмӯъ 26 каси дигар шифо ёфтааст.

Ҳамзамон, нахустин кӯмаки башарии Чин ба фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон расид. Чин васоили тиббӣ ва таҷҳизот ирсол кардааст. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик қисмати дувуми кумаки Чин ба Қазоқистон расад.

Таби баланди писари табиб дар таваллудхонаи Андиҷон ҳангома барпо кард

Беморхонаи вилоятии Андиҷон. Акс аз бойгонӣ.

Сардори шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилояти Андиҷони Узбекистон 27 март писари 29-солаи худро бо таби баланд барои табобат ба таваллудхона бурдааст. Дар ин бора яке аз табибони беморхона иттилоъ дод.

"Ҳамкори мо дониста ҷони табибон, ҳамшираҳо, модарон ва тифлони навзодро дар таваллудхона зери хатар гузошт. Ӯ 27 март писарашро бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус ба беморхона оварда, 15 соат дар утоқи корияш нигаҳ дошт. Ҳамшираҳоро маҷбур кард, ки барои поин бурдани таби писараш сӯзандору кунанд. Ҳарчанд мо медонистем, ки ҳамсари ӯ аз 25 март бо гумони мубталошавӣ ба вирус дар карантин аст", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Як ҳамшира аз беморхонаи Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, баъди он ки сардори бахш писарашро бо таби баланд овард, дар миёни кормандони бемористон ҳангома бархост.

"Ҳамкорон ба маркази санитарӣ-эпидемиологӣ занг заданд. Кормандони марказ ба беморхона омада, чандин бор ба сардори бахш занг заданд, вале ӯ телефонро набардошт. Хостанд, ба утоқи корияш дароянд. Вале дари он баста буд. Кормандони марказ ҳамаи табибону ҳамшираҳоро ба карантин гирифта, як рӯз баъд пас аз ташхис ҷавоб доданд. Ҳоло талош доранд, ки ин ҳодисаро пинҳон кунанд",-афзуд ӯ.

Сардухтури беморхонаи вилояти Андиҷон Гулмира Қаюмова рух додани ҳодисаи мазкурро дар бахши эҳёгарӣ тасдиқ кард. ​"Бале, сардори бахш бо овардани писараш дар он ҳолат ба бемористони мо кори нодуруст кардааст. Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад", - изҳор дошт ӯ.

Иктишофии ИМА: Чин роҷеъ ба коронавирус воқеиятро нагуфт

Як марди чинӣ дар Вуҳани Чин, 30 март, 2020.

Хадамоти иктишофии ИМА дар як гузориши махфии худ ба Кохи Cафед гуфтааст, маълумоти расмии мақомоти Чин дар бораи шумори мубталоён ва қурбониёни коронавирус дур аз ҳақиқат аст. Дар ин бора Bloomberg иттилоъ додааст.

Манбаъҳои Bloomberg иттилои бештареро дар бораи гузориш пешниҳод накардаанд. Мақомоти Чин гуфтанд, ҷамъан 82 ҳазор сокини ин кишвар ба коронавирус, ки охирҳои моҳи декабри соли гузашта дар Вуҳан ошкор гашт, мубтало шуда, 3 ҳазору 300 кас ҷон бохтаанд.

Дар ИМА беш аз 200 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, зиёда аз 4 ҳазор одам ҷон бохтаанд. "Гап сари он аст, ки агар Чин воқеиятро мегуфт, ҳоло вазъ беҳтар буд", - изҳор дошт муовини президенти ИМА Майк Пенс рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо CNN. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан, ҷаҳон як моҳ баъд огаҳ шуд, ки ин вирус дар Чин ошкор шудааст.

Муовини президенти ИМА изҳор дошт, ки гузориши хадамоти иктишофиро то ҳол дарёфт накардааст, вале ба гуфтаи ӯ, омори пешниҳодии Пекин дар бораи қурбониёни коронавирус "шубҳанок" менамояд.

Рӯзҳои ахир хабарҳое паҳн мешаванд, ки аз бештар будани шумораи қурбониён назар ба омори пешниҳодии Пекин дарак медиҳанд. Бино ба баъзе аз хабарҳо, шумори қурбониён дар Чин беш аз 4 ҳазор нафар аст.

Додгоҳи Покистон ҳукми марг барои куштори Даниэл Перлро бекор кард

Вакили дифои Саидшайх - Хваҷа Навид рӯзи 2 апрел ба журналистон ҳукми додгоҳро хабар дод

Рӯзи 1 апрел як додгоҳи покистонӣ ҳукми қаблии марг ва иттиҳоми кушторро барои як ҷангҷӯи зодаи Бритониё дар қазияи қатли журналисти амрикоӣ Дениэл Перл бекор кард. Вакили дифоъ Хваҷа Навид гуфт, ки бар асоси қарори бозбинишуда дар Додгоҳи Олии вилояти Синдҳ, Аҳмад Умар Саидшайх барои одамрабоӣ гунаҳгор ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Азбаски Саидшайх аз соли 2002 дар зиндон буд, интизор меравад, ки озод шавад, вале ҳанӯз ҳукми додгоҳ дар ин замина содир нашудааст.

Даниэл Перл 38 сол дошт, ки ваҳшиёна кушта шуд. Масъулияти кушторро ба ифротгароҳои исломӣ вогузор карданд
Даниэл Перл 38 сол дошт, ки ваҳшиёна кушта шуд. Масъулияти кушторро ба ифротгароҳои исломӣ вогузор карданд


Перли 38-сола раиси дафтари намояндагии Осиёи Ҷанубии нашрияи The Wall Street Journal буд. Ӯ соли 2002 аз ҷониби ҷангҷӯёни ифротӣ рабуда ва сараш аз тан ҷудо карда шуд. Саидшайх худи ҳамон соли 2002 боздошт ва аз ҷониби додгоҳи зиддитеррористӣ ба ҳукми марг маҳкум шуд. Се нафари дигар аз рӯи ин қазия ҳукми зиндони абад гирифтанд. Ба гуфтаи Навид, ин се нафар ҳам бар асоси қарори нави додгоҳ аз иттиҳом озод шуданд.

Сенатори амрикоӣ Ҳизби коммунистии Чинро дар “дурӯғгӯӣ” муттаҳам кард

Бен Сасс намояндаи ҷумҳурихоҳҳо аз Небраска ва узви Кумитаи иттилооти Сенат аст

Як сенатори амрикоӣ Ҳизби коммунисти Чинро дар дурӯғгӯиву пахши “таблиғоти ифлос” дар бораи хуруҷи коронавирус муттаҳам кард. Сенатор Бен Сасс дар изҳороте рӯзи 1 апрел гуфт, “иддаои ин ки дар ИМА шумори марги инсонҳо дар паи коронавирус бештар аз Чин аст, як дурӯғ аст”. Ин намояндаи ҷумҳурихоҳҳо аз Небраска ва узви Кумитаи иттилооти Сенат изҳороти худро баъди он нашр кард, ки оҷонсии Блумберг гуфт, ҳафтаи гузашта Кумитаи иттилооти Сенат ба Кохи Сафед гузорише ироа кард. Сасс гуфт, ки иттилооти махфиро шарҳ намедиҳад, вале “воқеияти дарднок ин аст, ки Ҳизби коммунисти Чин ба хотири ҳимояти режим дурӯғ мегуфт, мегӯяд ва хоҳад гуфт”. Сасс гуфт, ки “таблиғоти ифлоси” Чин набояд аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт, журналистони мустақил ваё “эпидемиологҳои амрикоӣ, ки дар паи мубориза бо ин вирус ҳастанд, ҷиддӣ қабул шавад”.

ИМА вуруди маводи тиббӣ аз Русияро тасдиқ кард

Ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Русия дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедии Ню-Йорк фуруд омад. 1 апрел

ИМА тасдиқ кард, ки дар паи сӯҳбати телефонии оғози ҳафтаи ҷории президентони ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин - ҳавопаймое бо маводи тиббӣ аз Русия ба Амрико расид. Департаменти давлатии ИМА дар изҳороташ рӯзи 1 апрел гуфт, ки дар миёни ёриҳои ба Оҷонсии мудирияти изтирории ИМА супурдашуда дар Ню-Йорк васоили нафаскашӣ ва ҳифозати инфиродӣ мебошад. Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки ин кӯмакҳо баъди сӯҳбати рӯзи 30 марти Трамп ва Путин фиристода шуд ва гуфт, ки ин кишварҳо дар гузашта ҳам дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ба ҳамдигар ёриҳои башардӯстона карда, “бешубҳа, дар оянда ҳам ироа хоҳанд кард”. Дар изҳороти ӯ гуфта нашуд, ки оё ИМА барои ин ёриҳо ба Русия чӣ миқдор маблағ пардохт кардааст ва то куҷо ба интиқодҳо дар заминаи ин ки Русия ёриро барои паҳн кардани хабарҳои дуруғини таблиғотӣ истифода мекунаду аз ин роҳ обрӯи Путинро дар дохил боло мебарад, вокуниш кардаанд.

Вазирони хориҷаи НАТО пандемияи коронавирусро баррасӣ мекунанд

Қароргоҳи НАТО дар Брюссел

Дар як ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО рӯзи 2 апрел вокуниши кишварҳо ба пандемияи коронавирус баррасӣ мешавад. Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ, ки аввалин бор дар таърихи 70-солааш ҷаласаро тавассути видео-конфронс барпо мекунад, гуфтааст, ки барои ҳимояти худ аз ҳама таҳдидҳо омода аст. Формати интернетии ташкили ҷаласа бо сабаби маҳдудият дар ҳаракату тамосҳои рӯбарӯи мардум интихоб шудааст. 30 вазири хориҷӣ қарор аст вокуниши ҳамоҳангшуда ба таҳдидҳои пандемияро баррасӣ бикунанд. Йенс Столтеберг, дабири кулли НАТО дар изҳороти рӯзи 1 апрелаш гуфт, “ҳадафи аввалиндараҷаи мо ин аст, ки бӯҳрони беҳдоштӣ ба як бӯҳрони амниятӣ табдил нашавад”. НАТО дар самти мубориза бо паҳншавии хабарҳои дурӯғини таблиғотӣ ҳам кор мекунад, чун бисёриҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи Русияву Чин баланд кардаанд. Дар ҷаласаи НАТО ҳамчунин вазъ дар Ироқу Афғонистон баррасӣ шуда, узвияти Македонияи Шимолӣ дар ҳайати ин паймон шурӯъ аз ҳафтаи гузашта истиқбол хоҳад шуд.

Қирғизистон барои вайронкунандагони ҳолати фавқулодда ҷарима таъйин кард

Порлумони Қирғизистон, 1 апрел,2020.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 1-уми апрел ба Кодекси ҷиноӣ, Кодекс дар бораи бадрафторӣ ва Кодекс дар бораи қонуншиканиҳо, тағйирот ворид кард. Бар асоси ин тағйирот, ҳамакнун барои вайронкунандагони тартиботи ҳолати фавқулодда ҷарима ва дигар навъи муҷозот таъйин шуд.

Ба ин тартиб, барои вайронсозии барқасдона ва ё ноогоҳонаи талаботи санитариву беҳдоштӣ, ки боиси мубталошавии дастаҷамъӣ, заҳролудшавии оммавӣ ва ё зиёни ҷиддӣ мегардад, аз 120 ҳазор сом (наздики 1,5 ҳазор доллар) то 300 ҳазор сом ҷарима ва ё аз 1,5 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Памирбек Асанов, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, то кунун касе барои вайрон кардани талаботи ҳолати фавқулодда ҷарима нашудааст, зеро дар қонунгузории он кишвар то ҳол чунин меъёре мавҷуд набуд.

Дар се шаҳр ва се ноҳияи калонтарини Қирғизистон сар аз 25-уми март ҳолати фавқулодда эълом шудааст. Рӯзона гардиши одамон ва нақлиёт маҳдуд ва шабона - аз соати 20:00 то 07:00 қуюди шабгардӣ эълом шудааст.

Дар Узбекистон болоравии қимати аз пеш таъйиншудаи бензину газ бекор шуд

Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Узбекистон.

Дар Узбекистон қимати бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ то охири сол боло бурда нахоҳад шуд. Дар ин бора вазорати молияи он кишвар иттилоъ дод.

"То охири сол ҳаҷми кунунии андози аксизии машрубот, маҳсулоти алкулӣ, аз ҷумла шаробу оби ҷав, инчунин аксиз аз истифодаи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ нигаҳ дошта мешавад",-омадааст дар хабари вазорат.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қарор буд аз 1-уми апрели соли 2020 қимати ин маҳсулот боло равад.

Бори охир дар Узбекистон қимати газ, барқ, оби гарм, инчунин нақлиёти ҷамъиятӣ, 15-уми августи соли 2019 боло рафта буд.

Дар Андиҷон бо вуҷуди карантин кӯчаҳоро барои омадани Мирзиёев тоза мекунанд

Андиҷон, Узбекистон.

Садҳо сокини шаҳри Андиҷони Узбекистон бо вуҷуди эъломи карантин аз 27-уми марти соли равон ба ин сӯ иҷборан ба ҳашари умумӣ мебароянд.

Як корманди ҳукумати вилояти Андиҷон гуфт, қарор аст, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар маросими ифтитоҳи нахустин корхона дар минтақаи озоди иқтисодии "Андиҷон-фарм" ба он вилоят сафар кунад.

Минтақаи озоди иқтисодии "Андиҷон-фарм" соли гузашта дар масоҳати 52 гектар дар ноҳияи Андиҷони Узбекистон ташкил шудааст.

Яке аз соҳибкорони наздик ба ҳукумати вилояти Андиҷон ва огаҳ аз рафти корҳо дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур гуфт, аз ҳамаи лоиҳаҳои ваъдашуда то ҳол дар он минтақа танҳо як озмоишгоҳ бунёд шудааст.

Чанд рӯзи ахир дар кӯчаи марказии Андиҷон, ки қарор аст аз он президенти Узбекистон гузарад, корҳои тозакунӣ ва ободонӣ идома доранд.

Bloomberg: Русия истихроҷи нафтро афзоиш намедиҳад

Русия сар аз 1-уми апрел истихроҷи нафтро афзоиш нахоҳад дод. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Bloomber, ин тасмим дар "ҷанги нархгузорӣ" бо Арабистони Саудӣ, ишораи сулҳомез хоҳад буд.

Ҳамсуҳбатони Bloomberg гуфтаанд, Риёз истихроҷи нафтро пас аз ба ҳам задани созишномаи ОПЕК дар ибтидои моҳи март афзоиш медиҳад. Арабистони Саудӣ коҳиши истихроҷи нафтро ба хотири ҳифзи иқтисод дар пасманзари сирояти коронавирус пешниҳод карда буд. Вале Русия ин пешниҳодро рад кард. Дар натиҷа арзиши нафт то 50 дарсад поин рафт.

Як мақоми баландпояи Русия дар суҳбат бо Bloomberg изҳор доштааст, ки дар вазъияти кунунӣ афзоиши истихроҷи нафт аз сӯи кишвараш маъно надорад. Ин дар ҳолест, ки вазири энержии Русия Александр Новак пештар гуфта буд, ин кишвар истихроҷи нафтро то ба 200-300 ҳазор бушка дар як рӯз зиёд мекунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 3-юми март гуфта буд, Вашингтон ба хотири пешгирӣ аз поинравии нархи нафт бо Москва ва Риёз гуфтугӯ мекунад. Ӯ аллакай ин масъаларо дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон матраҳ кард. Ба гуфтаи Трамп, ҷонибҳо барои гуфтугӯ омодаанд.

Барканории ду мансабдори қирғиз барои нокомӣ дар пешгирӣ аз коронавирус

Космосбек Чолпонбоев, собиқ вазири тандурустии Қирғизистон.

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, муовини нахуствазири ин кишвар Олтиной Омурбекова ва вазири тандурустӣ Космосбек Чолпонбоевро аз мақомҳояшон барканор кард. Фармони барканории ин ду мақоми баландпояи қирғиз рӯзи 1-уми апрел имзо шуд.

Оқои Ҷеенбеков рӯзи 31-уми март дар як ҷаласа аз фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазорати тандурустӣ дар умури пешгирӣ аз густариши вируси корона, интиқод кард. Ӯ афзоиши шумораи гирифторон ба ин бемориро натиҷаи талошҳои номуваффақи масъулин донист.

Тибқи иттилои расмӣ, то субҳи 1-уми апрел дар Қирғизистон 111 ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт шудааст. 11 нафари ин гирифторон кӯдакон мебошанд. Бештари аз гирифторон дар ҷануби он кишвар қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон -- ҳамсоякишвари Қирғизистон, севумин ҳолати фавт бар асари коронавирус сабт шуд. Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи чоршанбеи 1-уми апрел иттилоъ дод, ки дар вилояти Қарағандаи ин кишвар як нафар бар асари коронавирус ҷон бохт.

Ин севумин шаҳрванди Қазоқистон аст, ки аз коронавирус ба ҳалокат мерасад. Дирӯз як марди 50-сола дар шаҳри Нурсултон ва рӯзи 26-уми март як зани 64-сола аз вилояти Акмолин ҷон бохта буданд.

Дар Узбекистон -- кишвари дигар дар Осиёи Миёна, таҳқиқот алайҳи як вакили маҷлиси маҳаллии Қӯқанд ба иттиҳоми паҳн кардани маълумоти нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба коронавирус оғоз шудааст.

Узбекистон рӯзи 1-уми апрел шумораи гирифторони коронавирус дар ин кишварро 173 тан эълон кард. Мақомот тандурустии Узбекистон мегӯянд, ки ду нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Дар Тоҷикистон ва Туркманистон - ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ҳанӯз ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст.

Муҳлати "карантин" дар Ҷумҳурии Чех то 11 апрел дароз карда шуд

Ҷавоне бо ниқоби тиббӣ дар Прага. 16-уми марти 2020

Субҳи 1-уми апрел ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифтории сокинон ба коронавирус дар Ҷумҳурии Чех ба 3330 кас расид. То ин дам дар ин кишвари аврупоӣ 32 нафар аз бемории ҳамагири КОВИД-19 ба ҳалокат расидаанд.

Сарвазири Ҷумҳурии Чех Андрей Бабиш рӯзи 30-юми март гуфт, ҳукумат "карантин"-ро то 11-уми апрел дароз кардааст.

Рӯзи 27-уми март Бабиш гуфта буд, ки интизор аст ҳукумат вазъияти фавқулодаро барои 30 рӯзи дигар дароз кунад.

Маҷлиси Намояндагон бояд ҳаргуна дароз кардани ҳолати фавқулодаро тасдиқ кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG