Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ ҳамла ба Кобулро "ғайриинсонӣ" номид


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи хунин ба ҷашни арӯсӣ дар Кобулро ҳамлаи барбарона номида ва ба шиддат маҳкум кард. Дар ин бомбгузории маргталабона дар шоми 17-уми август, 63 нафар кушта ва 182 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ӯ ҳамчунин ҷаласаи фавқуллодаи мақомоти амниятиро даъват кард, то роҳҳои пешгирӣ аз чунин ҳодиса дар он баррасӣ шавад. Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда гирифт, ҳарчанд дар гузашта бардурӯъ масъулияти ҳамлаҳои дигарро ҳам бар дӯш гирифтааст. Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми август дар Твиттер навишт, ки “Ман ҳамлаи ғайриинсонӣ ба толори арӯсӣ дар шаби гузаштаро маҳкум мекунам.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо ирсоли паёме аз тариқи Вотсапп ба Хабаргузории Олмон, бобмгузорӣ дар ҷашни арӯсиро маҳкум кардааст. Ин ҳамла, ки хунинтарин дар имсол ба ҳисоб меравад, дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Амрико саъй дорад ба ҷанги 18 сола бо Толибон дар Афғонистон хотима бидиҳад ва бино ба гузоришҳо тарафҳо дар ин замина ба созиш наздик шудаанд. Айни замон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки Толибон ҳам дар ин ҳамла нақш доранд, чун ба террористон минбар медиҳанд. Баъзе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки масъулияти ҳамларо ДОИШ бар дӯш гирифта ва гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла муртадҳо буданд.

XS
SM
MD
LG