Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сайёҳ аз Русия ба дарёи Хингоби Тоҷикистон афтодааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сайёҳ аз Русия ҳангоми гузаштан аз пули болои дарёи Хингоб дар деҳаи Арзунги ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) ба дарё афтодааст.

Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ чаҳор рӯз боз идома дорад. Ин сайёҳ ҳамроҳи се нафари дигар аз Русия ба тамошои гӯшаҳои Тоҷикистон омада, онҳоро як сокини шаҳри Турсунзода ҳамроҳӣ доштааст.

Рӯзибек Шарифзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ), рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Ирина Претиковаи 61-сола ва ҳамроҳонаш ният доштаанд, ки тавассути пули дарёи Хингоб ба тарафи ноҳияи Ҷиргатол бираванд. "Ҳамин рӯз дар маҳалли ҳодиса будам. Ҷараёни об дар ҷое, ки ин зан афтодааст, беҳад тунд аст",-гуфт Шарифзода.

Мақомот мегӯянд, кормандони пулис ва наҷотбахшон ҷасадро ҷустуҷӯ доранд. Се сайёҳи дигар аз Русия ва як сокини шаҳри Турсунзода баъд аз ин ҳодиса ба қафо ба Душанбе баргаштаанд.

Талоши мо барои пайдо кардани ин сайёҳон бенатиҷа буд. Маълум нест, Ирина Претикова дар чӣ шароит ба дарё афтодааст.

Ҷараёни оби баъзе аз дарёҳои Тоҷикистон тез аст ва дар чандин ҳолат ҷасади сарозершудагон баъд аз гузашти ҳафтаҳо аз соҳили рӯд ёфт шудааст.

XS
SM
MD
LG