Зидди Раиса Отамбоева, ҳамсари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, дар доираи парвандаи собиқ раҳбари бахши ислоҳоти додгоҳӣ ва волоияти қонуни дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар Манас Арабоев айб эълом шудааст.
"Имрӯз огоҳ шудам, ки дар доираи парвандаи Арабоев зидди ман айб эълон карданд. Бояд бигӯям, ки ман ҳеч гоҳ ба умури додгоҳҳо дахолат накардаам, зеро медонам, ки сиёсат як чизи ифлос аст ва бинобар ин, кӯшиш мекардам, ба он дахолат накунам", - гуфт Отамбоева.
Дар Додситонии кулли Қирғизистон хабари боз шудани парванда зидди ҳамсари Алмосбек Отамбоевро тасдиқ карданд.
Ҳамсари Отамбоев бар ин аст, ки дар Қирғизистон "таъқиби хонаводаи ӯ ва ҷонибдорони президенти пешин оғоз шудааст". Ӯ ин ҳарфҳоро дар назди бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ки додгоҳи сайёр дар онҷо масъалаи ҳабси пешакии шавҳарашро баррасӣ мекунад, ба рӯзноманигорон баён дошт.
"Писари калонии Отамбоев - Сейитбек Отамбоев ба таври ваҳшиёна латтукӯб шудааст. Ҳоло ӯро ҳар рӯз бо асо барои бозпурсӣ ба Кумитаи амният мебаранд. Зидди ҷияни Отамбоев ду парванда боз шудааст", - изҳор дошт Раиса Отамбоева.
Ҳамсари Отамбоев аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков хост, таъқиби хонаводаи ӯро қатъ кунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони пешини қирғиз фарзандону ҳамсарони мухолифони сиёсии худро таъқиб накарда буданд.
Манас Арабоев рӯзи 2-юми июн бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Ӯ гӯиё ба нафъи гуруҳҳои ҷинояткор аз мақомаш истифода карда, ба ғасби рейдерии иншооти соҳибкорони хориҷӣ низ айбдор мешавад.
Телевизиони "Ала-Тоо 24" 2 июл бо пахши як гузориши вижа ҳамсари Отамбоевро ба ғасби рейдерии моликияти сармоягузорони хориҷӣ айбдор кард. Дар он гузориш Арабоев зидди Отамбоева шоҳидӣ медод. Арабоев 5 июл аз боздоштгоҳ озод ва ҳабси хонагӣ шуд.