Шаҳрванди 31-солаи Узбекистон, ки тариқи интернет бо марди ҳиндие ошно шуда буд, баъди расидан ба Деҳлӣ таҷовузи гуруҳӣ шуд. Дар ин бора расонаҳои Ҳиндустон иттилоъ доданд. Хешовандони шаҳрванди Узбекистон низ дар Тошканд бо расонаҳо суҳбат карданд.
"Вай бо марди ҳиндӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуд. Хешовандон ба духтар кумак карданд, ки ба Ҳиндустон равад. Ду моҳ пеш вай ба Деҳлӣ рафт. Рӯзи шанбе тамос гирифт ва гуфт, ки "маро заданду таҷовуз карданд". Мо ба вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардем, вале ҳоло посухе нагирифтем",-гуфт як пайванди шаҳрванди таҷовузшудаи Ӯзбекистон.
Чанде аз расонаҳои ҳиндӣ рӯзи 12 август дар бораи таҷовузи гуруҳӣ шудани шаҳрванди Узбекистон хабар доданд.
Телевизиони India-TV хабар дод, ки рӯзи душанбеи 12 август ду мард бо гумони ширкат дар таҷовузи гуруҳии шаҳрванди Узбекистон боздошт шудаанд.
Ба навиштаи расонаҳои дигар, "ҷавони ҳиндӣ бо шаҳрванди Узбекистон рӯзи 10 август ба назди ду дӯсти дигараш рафт. Рӯзи 12 август шаҳрванди Узбекистон аз латту кӯб ва таҷовузи гуруҳӣ шуданаш ба пулис шикоят бурд".