Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоевро ба кӯшиши табаддулот ва куштор муттаҳам карданд


Мақомоти Қирғизистон зидди Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар иттиҳомоти нав эълон карданд. Отамбоев шаби 8-уми август боздошт шуд.

Замир Бейшекеев, додситони кулли Қирғизистон, рӯзи 13-уми август дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфт, Отамбоев ба истифода аз хушунат алайҳи намояндагони мақомот, ташкили нооромиҳо ва сӯиқасд ба куштор муттаҳам аст.

Орозбек Опумбоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, президенти пешинро ба тарҳрезии кудето ё табаддулот муттаҳам намуд.

Алмосбек Отамбоев, ки аз соли 2011 то 2017 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд, ду соли охир дар хонааш дар деҳаи Қой-Тоши канори Бишкек мезист. Вай шаби 8-уми август ба нерӯҳои пулис таслим шуд.

Амалиёти боздошти ӯ ду рӯз давом кард. Дар натиҷаи он, ба гуфтаи вазири умури дохилии Қирғизистон, як афсари амниятӣ кушта ва 170 нафар, аз ҷумла 79 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, захмӣ шуданд.

Амалиёти боздошти Отамбоев баъд аз он сурат гирифт, ки ӯ се бор даъвати мақомоти Вазорати корҳои дохилиро барои бозпурсӣ рад кард. Қаблан мақомот ӯро ба фасод ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам карда буданд.

XS
SM
MD
LG