Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои барқарорсозии Ариси Қазоқистон 56,1 млрд танга ҷудо шуд


Барои барқарорсозии шаҳри Ариси Қазоқистон, ки дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа осеб дида буд, 56,1 миллиард танга (144,7 миллион доллар) ҷудо шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба муовини аввали сарвазир ва вазири молияи Қазоқистон Алихон Смаилов хабар доданд.

Ба гуфтаи Смаилов, 27,5 миллиард тангаи ин маблағ аз захираи ҳукумат, 20 миллиард танга аз будҷаи мақомоти маҳаллӣ, 6 миллиард танга аз бунёди "Самрук-Казина" ва 2,6 миллиард тангаи боқӣ аз ҳисоби кумакҳои хайрия ҷудо мешавад.

Бо маблағи мазкур ба ҳар як сокини маҳаллӣ 100-ҳазортангаӣ ҷубронпулӣ пардохт ва 7 239 манзили зист, даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, низоми обу корез, биноҳои маъмурӣ барқарор карда хоҳанд шуд.

Таркиш дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис рӯзи 24 июн рух дод. Сокинонро ба ҷои амн интиқол доданд. Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Давоми 10 соли охир бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Арис таркиши аслиҳа боиси марги инсонҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG