Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп президенти Фаронсаро барои "паём" ба Эрон танқид кард


Доналд Трамп, президенти Амрико, Эммануэл Макрон – раиси ҷумҳури Фаронсаро айбдор кард, ки ба Эрон барои эҳтимоли гуфтушунид бо Вашингтон паёмҳои "носозгор" мефиристад.

"Эрон дучори душвории молии ҷиддӣ мебошад. Онҳо ноумедона аз паси музокирот бо Амрико ҳастанд, аммо аз ҳамаи онҳое, ки ният доранд моро намояндагӣ кунанд, паёмҳои носозгор дода мешаванд, аз ҷумла президенти Фаронса Макрон", -- навишт Трамп рӯзи 8-уми август дар Twitter.

Вай афзудааст, "медонам, ки Эммануэл нияти нек дорад, ҳамон тавр ки дигарон доранд, аммо ҳеҷ касе наметавонад ба ҷои Иёлоти Муттаҳида гап занад, ба ҷуз аз худи Иёлоти Муттаҳида."

Маълум нест, ки Трамп дар паёмҳои худ ба чӣ ишора кардааст ва Кохи Сафед шарҳе надодааст.

Доналд Трамп моҳи майи соли 2018 аз созишномаи ҳастаии Эрон, ки бо шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо гузоштааст, даст кашид ва дубора таҳримҳои сахттарро ба Теҳрон бор кард. Ӯ гуфт, шартҳои созишномаи 2015 барои пешгирӣ аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ чандон сахт набуданд.

Раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки омодааст бо раҳбарони Эрон сӯҳбат кунад, аммо Теҳрон гуфт, пеш аз ҳама таҳримҳо бояд бардошта шаванд.

Фаронса, дар якҷоягӣ бо Бритониё, Олмон, Русия ва Чин, дар созишномаи ҳастаии соли 2015 монданд ва Вашингтонро водор карданд, ки дар созишнома монад.

Дар оғози ҳафтаи равон "Ал-Монитор" дар гузорише гуфт, ки раҳбари Фаронса президенти Эрон Ҳасани Рӯҳониро барои вохӯрӣ бо Трамп ба нишасти G7 даъват кард, ки охири моҳи август дар Фаронса баргузор хоҳад шуд.

Як дипломати фаронсавӣ ин гузоришро инкор кард ва ба хабаргузории Reuters гуфт, "бартарӣ ин аст, ки Эрон ба ӯҳдадориҳои ҳастаии худ пойбанд аст."

XS
SM
MD
LG