Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек гуфт, Бабанов ба маҳзи баргаштан ба ҷавобгарӣ кашида мешавад


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба тасмими номзади пешин ба мақоми президентии ин кишвар Омурбек Бабанов, ки гуфта буд аз хориҷ ба ватан бармегардад, вокуниш нишон дод. Дар изҳороти кумита омадааст, ки Бабанов ба маҳзи баргаштан ба Қирғизистон дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд: "Дар робита ба Омурбек Бабанов ду парванда таҳқиқ мешавад".

Сиёсатмадори мухолифи қирғиз, ки ки ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунад, пештар аз ин гуфта буд, ки 13 апрели соли равон ба ватан бармегардад. Вале дертар бо нашри як изҳороти видеоӣ аз фурудгоҳи шаҳри Москва гуфт, аз тасмими худ сарфи назар кард. Зеро ӯро огаҳ кардаанд, ки дар тазоҳуроти бахшида ба бозгашти вай фитнаеро барангехтанианд. Ӯ аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки даст ба тазоҳурот назананд ва вай рӯзҳои наздик оромона ба Қирғизистон бармегардад.

Омурбек Бабанов пас аз интихоботи президентии Қазоқистон дар соли 2017 кишварро тарк карда, гуфт, ки аз сиёсат канор рафтааст. Зидди ӯ ду парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Парвандаи аввал дар натиҷаи як суханрониаш дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Ӯш бар пояи банди "Ангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ" кушода шуд.

Парвандаи дувум бар пояи банди "Даъвати оммавӣ барои сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" боз гашт. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 10 декабри соли 2018 дар суҳбат бо телевизиони "Апрел" гуфт, парвандаҳои зидди Бабанов бояд қатъ карда шаванд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 19 декабри соли гузашта дар нишасти хабарии солонаи худ изҳор дошт, ки "ҳеч гуна гуфтугӯи дуҷониба ё сеҷонибае бо Омурбек Бабанов анҷом надодааст".

XS
SM
MD
LG