Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек тазоҳуроти ҷонибдорони Отамбоевро пароканда карданд


Пулиси Қирғизистон шаби 8-уми август тазоҳуроти ҷонибдорони пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар шаҳри Бишкек бо гази ашковар ва норинҷаки садо пароканда кард.

Ба иттилои расонаҳо, иштирокчиёни тазоҳурот ба самти пулис ва ҳатто рӯзноманигорон санг ҳаво доданд. Кормандони пулис эътирозгаронро аз майдони марказии шаҳри Бишкек ва хиёбонҳои наздик ба он берун карданд. Пештар худи Отамбоев тазоҳуроти бемуҳлат эълом карда буд.

Пулис 8-уми август дар натиҷаи амалиёти дувуми худ Отамбоевро дар манзили зисташ дар деҳаи Кой-Тош дастгир кард. Президенти пешини Қирғизистон дар натиҷаи гуфтугӯ худро ба мақомот таслим намуд.

Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG