Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон ба қарздорони обу барқ ҳуҷҷат намедиҳанд


Дар Туркманистон шумори ҳуҷҷатҳое афзоиш ёфт, ки мақомот пеш аз таҳияи онҳо аз сокинон аризаи қарздор набудан аз хадамоти коммуналиро талаб мекунанд. Сокинони шаҳри Марии Туркманистон хабар доданд, мақомоти он шаҳр аз касоне, ки барои дарёфти ариза ё ҳуҷҷате муроҷиат мекунанд, расидҳои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ талаб менамоянд.

"Субҳ (8 август) мо назди бинои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) истода будем. Ин муассиса дар робита ба ақди никоҳ, бекор кардани он, таваллуд ва марг санад медиҳад. Касоне ки дар навбат буданд, ба муассиса даромада, зуд берун мешуданд. Як корманди он берун омада, гуфт, беҳуда дар навбат наистед, зеро бе нишон додани расиди пардохти ҳаққи истифодаи обу барқ ба касе санад дода намешавад",-гуфт як сокини маҳаллӣ.

Мақомоти Туркманистон ба ин тартиб, талош доранд, ки сокинон ҳаққи истифодаи обу барқу газро пардохт намоянд. Дар минтақаҳои дигари Туркманистон пештар аз ин аз кормандони бахши буҷавӣ талаб карданд, ки барои дарёфти маош нахуст расиди пардохти ҳаққи истифодаи хизматрасониҳои коммуналиро пешниҳод кунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG