Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Украина ва Туркия дар бораи савдои озод


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский

Дар изҳороте дар вебсайти президенти Украина гуфта мешавад, ки Украина ва Туркия қарордоди тиҷорати озодро баррасӣ мекунанд. Аз рӯи ин қарордод савдои дуҷониба метавонад солона аз ду то ба 10 миллиард доллар афзуда шавад.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ин суханонро пас аз вохӯриаш бо президенти Украина Владимир Зеленский дар Анқара рӯзи 7-уми август изҳор доштааст.

Зеленский гуфт: “Ҳаҷми савдои дуҷониба дар соли 2018 беш аз 4 миллиард доллар буд. Ман бовар дорам, ки ин ҳадди тавони мо нест."

Эрдуғон ёдрас кард, ки ҳарду дар бораи "ҳама ҷанбаҳои муносибатҳои Туркия ва Украина" сӯҳбат кардаанд ва гуфт, "акнун вақти ба поён расондани раванди гуфтушунид оид ба савдои озод" мебошад, ки солҳои дароз идома дорад.

Зеленский бо як сафари дурӯза дар Туркия мебошад. Вай ҳамчунин барнома дорад, ки бо аъзои ҷамоаҳои украинӣ ва қримӣ-тоторӣ, инчунин, Патриархи Барталомей, роҳбари рӯҳонии масеҳиёни православӣ вохӯрад.

Гузоришҳои видеоӣ

"Маро заданд, дору доданд ва таҷовуз карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
XS
SM
MD
LG