Ин тасмими Покистон пас аз эълони бекор кардани худмухторӣ ва ихтиёроти вижаи минтақаи Ҷому ва Кашмир аз сӯи ҳукумати Ҳинд дар рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ, сурат мегирад. Аз он замон алоқаи телефонӣ ва интернетӣ бо Ҷому ва Кашмир қатъ шуда, садҳо сарбози ҳиндӣ барои муқобила бо тазоҳуроти эҳтимолӣ, ба ҳолати омодабош даромадаанд.
Ҳукумати Покистон бо нашри баёние гуфтааст, ки дар ҳоли баррасии дигар ҷонибҳои робита бо Ҳинд аст ва масъалаи бекор кардани ихтиёроти вижаи Кашмирро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ хоҳад кашонд.
Ин кишвар афзуд, тасмим гирифтааст, ки сафири Ҳинд дар ин кишварро ихроҷ кунад ва сафири худро аз Деҳлии нав фаро хонад. Исломобод ҳамчунин эълом кардааст, ки робитаҳои тиҷоратӣ бо Ҳиндро қатъ мекунад. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон дар як суханронии телевизионӣ гуфт, "мо сафирамонро аз Деҳлӣ фаро мехонем ва сафири онҳоро ба кишварашон бармегардонем".
Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", ин тасмим дар нишасти Кумитаи амнияти миллӣ ба раёсати Имрон Хон, нахуствазири кишвар гирифта шудааст. Артиши Покистон ҳам гуфтааст, ки "қотеона" дар паҳлӯи мардуми Кашмир меистад".
Интизор мерафт, ки тасмими рӯзи душанбеи ҳукумати Ҳинд дар бораи назорати сахттари минтақаи мусалмоннишини Кашмир бо вокуниши сахти Покистон рӯбарӯ шавад. Ҳинд мегӯяд, ки ин тасмим як масъалаи дохилӣ аст.
Бино бар созишҳои байнулмилалӣ ва эътирофи мухторияти Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон, ки бо номи “Банди 370” маъруф аст, ба ин минтақа кӯчида омадани аҳолии дигар барои зисти доимӣ, ишғоли вазифаҳои давлатӣ ва таҳсили давлатӣ манъ аст. Ҳиндустон ин қарорро бекор кард ва ҳамзамон бо ин, робитаи телефонии аёлати Ҷому ва Кашмирро қатъ намуд ва ҳазорон сарбози худро вориди ин минтақа намуд.
Ҳинд ва Покистон пас аз тақсимшавии нимҷазираи Ҳинду-Покистон, бар сари Кашмир ду бор вориди ҷанг шудаанд. Покистон ва Ҳиндустон дар соли 1947 пас аз дарёфти истиқлол аз Бритониё ба ду кишвари мустақил ҷудо шуданд. Аз он замон то ба ҳол ин ду кишвар дар душманӣ ба сар мебаранд.
Аксари мардуми Покистонро мусалмонон ва аз Ҳиндро ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 миллион аз аҳолии Ҳинд мусалмонон мебошанд ва аксарияти аҳолии Кашмирро, ки аз он замон дар байни ду давлат тақсим шуд, низ мусалмонон ташкил медиҳанд. Наздик ба 38 000 гуреза аз Кашмири таҳти назорати Ҳинд дар урдугоҳҳои Покистон ба сар мебаранд.
Ин дар ҳолест, ки аз соли 1989 ба ин тараф гурӯҳҳои ниманизомӣ дар Кашмири зери назорати Ҳинд, алайҳи ҳукумати он кишвар мубориза мебаранд. Дар ин муддат ҳудуди 70 ҳазор нафар кушта шудаааст. Ҳинд ҳукумати Покистонро айбдор мекунад, ки аз ин гурӯҳҳои шӯришӣ пуштибонӣ мекунад. Покистон ин гурӯҳҳоро "нерӯҳои муқовимат" меномад.
Қатъи робитаи тиҷоратии Ҳинд ва Покистон дар ҳоле аст, ки ду кишвар дар ин замина муносибатҳои чандон хубе бо ҳам надоранд. Бар асоси оморҳои гумруки Ҳинд, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар нимаи аввали соли ҷорӣ танҳо 415 миллион доллар будааст.