Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Эрон ба кишварҳои аврупоӣ барои риояи созиши ҳастаӣ


Эрон ба кишварҳои аврупоие, ки соли 2015 бо ин кишвар созиши ҳастаиро имзо карда буданд, гуфт, агар монеи таҳримҳои фалаҷкунандаи Амрико нашаванд, Теҳрон аз иҷрои паймон бештар сарпечӣ хоҳад кард.

Имзокунандагони аврупоии ин созиш – Бритониё, Фаронса ва Олмон натавониста буданд пеши роҳи таҳримҳои якҷонибаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зидди Эронро бигиранд. Трамп мехоҳад, бо идомаи таҳримҳо иқтисоди Эронро аз пой афтонад.

Вашингтон соли гузашта аз тавофуқи ҳастаии қудратҳои бузург бо Эрон хориҷ шуд ва зидди ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Эрон таҳдид намуд, ки роҳҳои содироти нафтро аз Тангии Ҳурмуз мебандад.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи созмони энержии ҳастаии Эрон гуфт, Теҳрон захираи оби сангини худро аз ҳудуди таъйиншуда 130 тонна бештар сохта ва ҳамчунон захираи ураниюми ғализиашро камро аз ҳудуди таъйиншуда 300 кило баландтар бурдааст.

Камолвандӣ афзуд, “як чиз рӯшан аст, ки бо канор гузоштани ваъдаҳо ва адами пойбандӣ ба он, Эрон суръати фаъолиятҳои атомии худро бештар хоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG