Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама ва ҳалокати 6 муҳоҷир ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як мусофирбари ҳомили муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Рязани Русия ба садама дучор шуда, шаш нафар, аз ҷумла як наврас ҳалок ва ва ҳашт тани дигар захмӣ гардидаанд. Хабаргузории РИА Новости навишт, ҳодиса субҳи 6-уми август дар ҳудуди ноҳияи Сасовои вилояти Рязан рух дод. Ба навиштаи хабаргузорӣ, мусофирбари муҳоҷирон ба як мошини сабукрав бархӯрдааст. Мақомоти Русия гуфтанд, мусофирбар ба тарафи Тоҷикистон ҳаракат дошт. Ба иттилои муқаддамотӣ, ҳамаи 12 мусофири он аз Тоҷикистон будаанд.

XS
SM
MD
LG