Танишҳои нав байни ин ду иқтисоди бузурги ҷаҳон пас аз ҷорӣ кардани боҷи нави гумрукӣ бар колоҳои чинӣ аз сӯи Вашингтон ва аз сӯи дигар, коҳиши арзиши "юан" -- пули милии Чин, шакл гирифтааст.
Рӯзи панҷшанбеи гузашта Доналд Трамп дар идомаи фишорҳо бар Пекин барои даст ёфтан ба созишҳои тиҷории нав бо он, 10 дарсад боҷи нави гумрукӣ бар 300 миллиард доллар колои воридотӣ аз Чин, ҷорӣ кард. Дар ҳамон замон Чин таҳдид кард, ки ин амалкарди Амрикоро беҷавоб нахоҳад гузошт.
Дар ниҳоят, рӯзи душанбеи 5-уми август ҳукумати Чин арзиши юан дар баробари долларро поин овард. Коре, ки дар 11 соли гузашта бесобиқа будааст. Ин амали мақомоти чинӣ ба интиқодҳои сахт аз сӯи сиёсатмадорони амрикоӣ рӯбарӯ шудааст.
Пули миллии Чин акнун 1,4-дарсад коҳиш ёфта, ҳафт юан баробар ба як доллари амрикоӣ мебошад. Аммо кор дар инҷо тамом намешавад ва Пекин эълом кардааст, ки хариди фановариҳои кишоварзӣ аз Амрикоро қатъ мекунад.
Расонаҳои чинӣ ба нақл аз Бонки марказии он кишвар мегӯянд, поин овардани арзиши юан "вокунишест ба якҷонибагароӣ ва иқдомоти ҳимоятгаронаи дохилӣ"-и Амрико ва низ ҷорӣ кардани молиёти нав бар колоҳои чинӣ". Бонки марказии Чин афзудааст, ки ба "ҳифзи баробарии мантиқии юан", идома медиҳад.
Чанд соат баъд вазорати молияи Амрико эълон кард, Бонки марказии Чин шаку тардиде боқӣ намегузорад, ки ҳукумати Чин арзиши юанро ба таври сунъӣ, поин овардааст. Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ин амалкарди ҳукумати Чин ба маънои нақзи ӯҳдадориҳояш ба унвони узве аз Гурӯҳи 20, дар худдорӣ аз коҳиши арзиши қобили рақобати пул аст.
Коҳиши арзиши юан дар баробари доллар боис мешавад то маҳсулоти тавлиди Чин дар бозорҳои байналмилалӣ арзонтар шавад. Амрико мегӯяд, Чин барои тақвияти содироти худ арзиши юанро қасдан поин нигаҳ медорад. Ин дар ҳоле аст, ки Чин мегӯяд, танҳо мехоҳад аз бесуботии пули худ пешгирӣ кунад.
Ҳукумати Трамп бар иловаи мушкили тиҷоратӣ бо Чин, аз Пекин интиқодҳои дигаре низ дорад, ки аз "дуздӣ"-и моликияти маънавӣ то масоили амниятӣ ва истихборотӣ дар мавриди ширкатҳои бузург, чун "Huawei"-ро дар бар мегирад. Чин аммо ин интиқодҳоро рад карда ва мегӯяд, ҳарду кишвар аз муомилаҳои тиҷоратӣ фоида мебаранд, ҳарчанд мегӯяд, аз ворид шудан ба як "ҷанги тиҷоратӣ" бо Амрико тарс надорад.
Танишҳои тиҷоратӣ миёни Чину Амрико аз чанд моҳ ба ин тараф идома дорад. Дар ҳоле, ки ҳанӯз созиши расмии наве байни Пекин ва Вашингтон сурат нагирифтааст, ҳар ду кишвар ва ба таври мушаххас Амрико молиёти миллиардоллларии молу колои воридотӣ аз якдигарро, афзоиш додаанд.
Расонаҳои давлатии Чин қаблан ба нақл аз раиси ҷумҳури ин кишвар навишта буданд, "калиди мушкилот ин аст, ки ду тараф ба нигарониҳои машруи якдигар аҳамият диҳанд". Си Ҷинпин гуфта буд, "мо ҳам умедвор ҳастем, ки Амрико бо ширкатҳои чинӣ одилона бархӯрд кунад".