Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 cарнавишт. "Маҳбусон ҳам метавонанд ислоҳ шаванд". ВИДЕО


Бо ташкили намоишгоҳи аксҳо дар Душанбе як созмони ҷамъиятӣ аз сарнавишти зиндониёни собиқ ва талоши онҳо барои дарёфти ҷойи пойи худ дар ҷомеа қисса кардааст.

Дар намоиши аксҳо, ки аз тарафи созмони ҷамъиятии "Спин плюс" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз сарнавишти талх, нокомӣ ва ҳамин тавр аз талоши 18 маҳбуси собиқ барои сохтани як зиндагии беҳтару умеду орзуҳои онҳо қисса шудааст.

Дар намоишгоҳ тамошобинон бо чеҳраҳое ошно шуданд, ки ба гуфтаи ташаббускорон бо вуҷуди солҳои тӯлонии зиндагӣ дар зиндон ва пушти сар кардани мушкилоти зиёд, тавонистаанд дубора ба зиндагӣ дилгарм шаванд ва ба нерӯи худ бовар кунанд.

Бархе аз ин маҳбусони собиқро нашъамандӣ ва қисмати дигарро ҳам ҷиноятҳои мухталиф замоне ба зиндон кашидааст. Ҳоло ҳар кадоме кори худро дорад, яке ба фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, яке ба тоза кардани хонаҳову дигаре ҳам ба таъмири мошинҳо машғул аст.

Дима Ковалев, корманди созмони "Спин плюс", ки намоишгоҳи аксҳои зиндониёни собиқро ташкил кардааст, дар бораи зиндагии як ҷавоне мегӯяд, ки ҳоло дар озодӣ ва бо нақшаҳои зиёд зиндагӣ дорад.

"Фаррух ҳоло ба шустани мошинҳо машғул аст. Зиндагиаш бад нест, Оиладор аст. Бо меҳнати ҳалол хонаводаашро таъмин мекунад. Ислоҳ шудааст ва дигар намехоҳад ба зиндон баргардад. Пештар ӯ мӯътоди маводди мухаддир буд. Тарзи ҳайёти носолим дошт ва баъдан зиндон рафт".

Сарнавишти 18 зиндонии тоҷик дар аксҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Бо қиссаи зиндагии маҳбусони собиқ тариқи аксҳо, созмондиҳандагон талош кардаанд, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба вазъи ин гурӯҳи одамон ва зиндагӣ баъд аз зиндон ҷалб кунанд. Ба гуфтаи Дима, ҳадафи асли ин буд, ки ба ҷомеа расонида шавад, маҳбусон ҳам метавонанд ислоҳ ва як узви комилҳуқуқи ҷомеа шаванд. "Мехостем ба ҷомеа расонем, ки ин гурӯҳ ҳам метавонад хуб қабул шавад ва муносибат бояд нек бошад".

Сарнавишти худи Дима ҳам дар намоишгоҳи акси собиқ маҳбусон тасвир шудааст. Ӯ ҳам чанд соли умрашро дар зиндон сипарӣ кардааст. Ҳоло намехоҳад аз гузаштаи худ ёд оварад. Акнун зиндагии комилан дигар дорад. Ба зиндониёни собиқ ва ҳамтақдирони худ барои барқарор шудан дар озодӣ кумак мекунад.

Олим ҳам яке аз онҳост. Ӯ 4 моҳи пеш аз зиндони низомаш сахт берун шуд. Олим се бор маҳкум ба зиндон шудааст. Мегӯяд, бекорӣ ва мӯътодӣ сабаб шуд ба такрор ҷиноят содир кунад. Ҳоло дигар вазъи саломатиаш чандон хуб нест, аммо мехоҳад барои худ ҷойи коре пайдо ва ба хонаводааш кӯмаки молӣ кунад.

Дар паёмаш ҳам, ки зери акси ӯ дар намоишгоҳ дида мешавад, Олим ҳамин орзуи худро дарҷ кардааст. Дар сӯҳбат бо мо ӯ гуфт, "кӯшиш дорам ҳуҷҷатҳоямро дуруст кунам, ҳуҷҷати ронандагӣ бигирам ва дар ягон ҷо ронанда шуда кор кунам, зиндагиро пеш барам ва ба оила кӯмак кунам."

Як пажӯҳиши ахир муайян кардааст, ки баъди берун омадан аз зиндон, аксари маҳбусони собиқ зиндагии ниҳоят мушкиле доранд. Онҳо дар аксар ҳолат бекору бехона ва бесанад монда, чун одамони "навъи дувум" шинохта мешаванд.

Аммо бо ошноӣ ба 18 сарнавишти маҳбусони собиқ, мешавад гуфт, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот онҳо рӯҳафтода нестанд ва мехоҳанд исбот кунанд, ки ислоҳ шудаанд ва пайи сохтани зиндагии беҳтаре барои худ ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG