Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хона то ҳисоби бонкӣ. Эъломия то кай пинҳон мемонад?


Зебои Собир

Изҳороти раиси Оҷонси хидмати давлатӣ дар бораи он ки ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули эъломияи дороиҳои мансабдорон омода нест, бо вокунишҳо рӯбарӯ шуд. Бисёриҳо онро бепоя хонданд. Хабарнигори ҷавон Зебо Собир дар матлабе дар гӯшаи Блогистон кӯшиш кардааст, нишон диҳад, ки ифшои эъломия чаро муҳим аст.

Зебо Собир

Эъломия то кай пинҳон мемонад?

Хидматчии давлатӣ ё мансабдор дар назари мардум "як нафари сарватманд, соҳиби қасру кушк, мошини гаронбаҳо, маблағи ҳангуфт, ширкатҳои хусусӣ ва коғазҳои қиматнок" аст. Чаро?

Соли 2003 Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Конвенсия ба зидди коррупсия, кишварҳои аъзоро вазифадор намуд, то дар самти ифшои дороии мансабдорон чораҳои зарурӣ андешанд. Тоҷикистон ин санадро соли 2008 имзо кард ва дар заминаи он хидматчиёни давлатӣ масъуланд, ки ҳар сол то 1-уми апрел эъломия дар бораи моликият ва даромади худро ба ниҳодҳои дахлдор супоранд.

Дар кишвар хидматчиёни давлатӣ ду намуди эъломияро месупоранд:

  • дар бораи даромад;
  • дар бораи моликият.

Ниҳоди дахлдор аз рӯйи дар куҷо қарор доштани парвандаи шахсии мансабдор муайян шудааст.

Мансабдорони давлатӣ дар эъломияҳо бояд маълумоти зеринро зикр кунанд:

  • даромад аз тамоми манбаъҳо;
  • амволи ғайриманқул ва манқули арзишашон дар алоҳидагӣ зиёда аз 110 000 сомонӣ, аз ҷумла молу мулки берун аз ҳудуди Тоҷикистон воқеъбуда ё муваққатан дар ихтиёри шахси дигар буда бо нишон додани арзиш ва суроғаи он;
  • дар бораи пасандозҳои бонкӣ, аз ҷумла дар бонкҳои хориҷӣ ва коғазҳои қиматноке, ки шахсан ё ҳамроҳи дигарон дар ихитиёр доранд;
  • дар бораи иштироки бевосита ё бавосита ба сифати саҳмгузор ё иштирокчии ширкату ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар субъектҳои хоҷагидор ва фондҳо бо нишон додани шакли иштирок ва дарсади моликият дар онҳо;
  • дар бораи қарзҳои ҳаҷмашон беш аз 27 500 сомонӣ ва дигар ӯҳдадориҳои молиявӣ, аз ҷумла дар хориҷа;
  • маълумот оид ба амволи аъзои оила.

Дар ҳолати аз ҷониби мансабдорон пешниҳод накардан ё зикри маълумоти бардурӯғ оид ба вазъи амвол ва даромад мувофиқи моддаи 8-и Қонуни ҶТ "Дар бораи коррупсия" аз вазифа барканор мешаванд.

Ҷузъиёти эъломияи дороиҳои мансабдорон бас истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ошкор карда намешавад.

Маълумоти эъломияҳо дар ҳолате оммавӣ мешаванд, ки агар иттилооти бардурӯғ пешниҳодшудаи шахсони мансабдор баръало ошкор гардад. Барои ин санҷиши махсус дар асоси роҳбари мақоми давлатӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ бояд гузаронида шавад.

Ҳар сол Оҷонси хидмати давлатӣ аз рӯи салоҳияти хеш танҳо мониторинги ҳолати аз тарафи хидматчиёни давлатӣ супоридани эъломияи андоз аз даромад ва оид ба вазъи амволро мегузаронаду бас.

Мавҷудияти эъломия оид ба даромад ва вазъи молумулк дар кишвар то имрӯз натавонист тасаввуроти мардумро оид ба мансабдор дар Тоҷикистон тағйир диҳад, зеро дар ин самт се мушкили ҷиддӣ вуҷуд дорад:

  • Марказонида нашудани ҷамъоварии эъломияҳо;
  • Мавҷуд набудани механизми иҷрои қонун оид ба гузаронидани санҷиши махсуси дурустии иттилооти пешниҳодшуда дар эъломияҳо;
  • Оммавӣ набудани маълумот.

Мушкили аввал дар Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон низ вуҷуд дорад, вале бо ҷорӣ кардани Равзанаи ягонаи маълумоти шахсони мансабдор ва ҷамъиятӣ тавонистанд назорати ҷомеаи шаҳрвандиро аз болои мансабдорон фаъол гардонанд. Ин усул Гурҷистонро ба як кишвари муваффақ дар мубориза бо коррупсия табдил додааст.

Шарҳҳоро бинед

Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG