Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қатли Ҳувайдо дар додгоҳи Русия баҳс мешавад


То чанд рӯзи дигар Додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки 5-солаи тоҷик оғоз хоҳад кард. Падари Ҳувайдо мегӯяд, аз додгоҳ талаб дорад, ки гумонбари қатли духтарашро ба ҳабси абад маҳкум кунад.

Ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода як сол қабл, рӯзи 22-юми июли соли 2018, рух дод. Мақомоти тафтишотии Русия парвандаи муттаҳами аслӣ дар ин қазия Александр Сёминро анҷом дода, ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи вилояти Маскав фиристодаанд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, мурофиаи аввал рӯзҳои наздик баргузор шавад. “Мехоҳам, ки қотили фарзандам ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ӯро девона набароранд. Мехоҳанд, ки ӯро девона нишон диҳанд, аммо ӯ девона нест. Қотили фарзандамро ҳабс кунанд, баъд хотири ман ҷамъ мешавад”, -- гуфт ӯ.

Наздикони Александр Сёмин вайро гирифтори бемории рӯҳӣ муаррифӣ кардаанд.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Дар курсии айбдорӣ танҳо Александр Сёмин нишастааст. Сёмин аз рӯи чаҳор иттиҳом аз ҷумла куштору таҷовузи кӯдак, озори ҷинсии ноболиғ ва амалҳои бадахлоқона дар додгоҳ посух мегӯяд.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

XS
SM
MD
LG