Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Амрико ба Толибон барои берун кардани нерӯҳо аз Афғонистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои коҳиши қобили мулоҳизаи нерӯҳояш аз Афғонистон омодааст, ба шарте ки Толибон бо Кобул гуфтугӯҳои мустақимро оғоз кунанд.

Бино ба гузориши рӯзномаи “Вашингтон Пост” ва шабакаи телевизионии CNN, дар сурати пазируфта шудани пешшарти ИМА, дар марҳилаи аввал аз панҷ то шаш ҳазор нерӯи амрикоӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Толибон ҳамвора гуфтугӯҳои рӯбарӯро бо ҳукумати Афғонистон рад карда ва онҳоро “лӯхтак” ё “дастнишондаи хориҷиён” донистаанд.

Чандин расонаи амрикоӣ рӯзи якуми август гузориш доданд, шумори нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон, ки дар ҳоли ҳозир ба тақрибан 14 ҳазор тан мерасад, шояд то 8 ё 9 ҳазор нафар коҳиш ёбад. Ин иқдом бахше аз талошҳо барои поён додан ба ҷанги 18-солаи Афғонистон гуфта мешавад.

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз чаҳор мавриде ёдоварӣ кард, ки шомили тавофуқ бо Толибон аст.

Ӯ гуфт: “Якум беруншавии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон. Дувум кафолати Толибон дар масъалаи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ. Севум муколамаи миёни афғонҳо, ки бо дарёфти роҳҳали сиёсӣ ба анҷом расад. Ва шарти чаҳорум оташбасӣ доимӣ мебошад.”

Иёлоти Муттаҳида аввали моҳи сентябрро муҳлати расидан ба тавофуқи сулҳи Афғонистон медонад. Ин сана бо баргузарии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон як моҳ фосила дорад.

Бар асоси гузоришҳо, шуморе аз мақомҳои амрикоӣ ба сурати шахсӣ аз эҳтимоли лағви интихобот ҳарф мезананд, зеро дар идомаи талошҳои сулҳ, аз эҷоди ҳукумати муваққату пайвастани Толибон сухан гуфта мешавад.

Аммо сафири Амрико дар Кобул дар Твиттер навиштааст, интихоботи Афғонистон як ҷараёни афғонӣ аст ва Иёлоти Муттаҳида аз баргузории он пуштибонӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG