Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Қазоқистон талаби пардохти ҷуброни манзилро доранд


Бинои вазорати дифои Қазоқистон.
Бинои вазорати дифои Қазоқистон.

Наздики сад низомии эҳтиётии Қазоқистон назди бинои вазорати мудофиа ҷамъ омада, талаби ҷудо кардани манзил ё пардохти ҷуброни молӣ доранд. Дар маҷмуъ наздики 600 афсар ба манзил ё ҷубронпулӣ ниёз доранд.

Ба далели ворид кардани тағйирот ба қонун "Дар бораи хизмати низомӣ" онҳо наметавонанд, манзил ё ҷубронпулӣ дарёфт кунанд. Вазорати мудофиаи Қазоқистон дар иваз ба низомиҳо манзилҳои арзонбаҳо пешниҳод мекунад. Аммо низомиҳо намехоҳанд, дар чунин манзилҳо зиндагӣ кунанд.

То соли 2013 низомиҳои Қазоқистон ҳангоми ба нафақа баромадан ҳақ доштанд, ки манзили хизматиро аз худ кунанд ва ё дар ивазаш маблағ бигиранд. Қонуни нав ҳафт соли пеш афсаронро ба чанд бахш ҷудо кард: онҳое, ки то 15 ва беш аз 20 сол хизмат кардаанд. Ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба ин масъала, низомиҳои пешин рӯзи 1-уми август нишасти матбуотӣ доир карданд.

Дар гирдиҳамоии шаҳри Алмато наздики 100 афсари эҳтиётӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон ҷамъ шуданд. Ба бисёре аз афсарони ниёзманд вазорати мудофиа на ҷубронпулӣ пардохт кардааст ва на манзил пешниҳод. Мансабдорон ба қонуни нав ишора мекунанд. Баҳсҳои додгоҳӣ ҳам натавонистанд, ин масъаларо ҳал кунанд.

Тимур Дандибоев, муовини вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, сарфи назар аз он ки бисёре аз афсарон ба категорияҳои дарёфткунандаи манзил шомил намешаванд, мушкилии афсарон дар алоҳидагӣ ҳал хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG