Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арис ҳазорон манзили дар таркиш тахрибшуда дубора барқарор шуданд


Мақомоти Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми июл хабар доданд, ки дар шаҳри Арис 5 776 манзили аз таркиши анбори аслиҳа тахрибшуда барқарор шуд. Дар 2529 манзил охирин корҳои таъмиру тармим ба анҷом мерасад. То имрӯз сохтмончиён чаҳор манзили бисёрошёнаро ба истифода дода, таъмири куллиро дар 17 бисёрошёнаи дигар ба анҷом расониданд.

Ба иттилои расмӣ, 85 дарсади манзилҳои шаҳри Арис дар таркиши рӯзи 24-уми июн тахриб шуд. Мақомот ваъда карданд, ки манзилҳои тахрибшуда аз ҳисоби буҷаи давлат, кумакҳои башардӯстона ва бунёди махсуси ёриҳои шаҳрвандон таъмир мегарданд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24-уми июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом карда, 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент кӯчонданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор се нафар - ду низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохтанд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, низомии дувуми ҳалокшуда 32 сол дошта, корманди шартномавии Вазорати дифои Қаозиқистон ва сокини шаҳри Чимкент аст. Ҳамчунин 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

XS
SM
MD
LG