Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи амният ба расонаҳо ҳушдор дод, аз Боқиевҳо ҷонибдорӣ накунанд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба матолиби расонаҳо ба ҷонибдорӣ аз президенти фирории ин кишвар Қурмонбек Боқиев ва хонаводааш вокуниш нишон дода, онро ғайри қобили қабул номид.

"Муаллифони чунин навиштаҳо ва маводи телевизионӣ то ба кадом андоза хатар доштани амали худ ва оқибати онро хуб дарк намекунанд. Бинобар ин, кумита ҳақ дорад, муаллифони матлабҳои мазкурро ҳушдор диҳад, ки ин амалашон ғайри қобили қабул буда, боиси сар задани ташаннуҷ дар ҷомеа хоҳад шуд",-ҳушдор додааст кумита.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон афзудааст, ки зидди Боқиев ва наздиконаш бар пояи чандин банд, аз ҷумла куштор, фасодкорӣ ва ғасби рейдерӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, дар ҳоли ҳозир гумонбарон таҳти пайгарди қонун қарор доранд.

NewTV 30-юми июл филми ҳуҷҷатиеро дар бораи фаъолияти президенти фирории Қирғизистон Қурмонбек Боқиев нишон дод. Бештари корбарон намоиши филмро талоши сафедкунии Боқиев дар ҷомеаи Қирғизистон номиданд. Пештар наздикони Боқиев гуфтанд, ки дар арафаи зодрӯзи президенти пешини Қирғизистон филме дар бораи ӯ намоиш дода мешавад. Боқиев 1-уми август 70-сола мешавад.

Қурмонбек Боқиев дар пайи инқилоби соли 2005 сари қудрат омад ва ҳам баъди инқилоби соли 2010 ба Белорус фирор кард. Писари вай Максим дар Бритониё қарор дорад.

Қурмонбек Боқиев ва 28 тани дигар дар доираи парвандаи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд. Президенти пешин дар ғайбаш ба 30 соли зиндон маҳкум шуд. Қирғизистон аз Белорус хост, Боқиевро истирдод кунад. Расонаҳои Белорус хабар доданд, ки Боқиевҳо дар он кишвар тиҷорат ба роҳ мондаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG