Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди узбек мехост, ним кило тиллоро дар мақъадаш ба хориҷ барад


Як манбаи наздик ба раҳбарияти фурудгоҳи "Тошканд" хабар дод, ки кормандони гумруки Узбекистон 28-уми июли соли равон мардеро боздошт карданд, ки мехост дар мақъадаш қариб ним кило тилоро ба хориҷ бибарад.

"Ҳангоми санҷиш дастгоҳ нишон дод, ки мард дар баданаш ашёи оҳанӣ дорад. Дар рафти бозҷӯӣ аз мақъади ӯ беш аз 400 грамм тило дарёфт карда шуд, ки дар дохили рифола буд. Маблағи умумии тило 12-17 ҳазор долларро ташкил медиҳад",-изҳор дошт манбаъ.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои қочоқ ва нақзи қонунҳои гумрук парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Боздоштшуда зодаи вилояти Намангони Узбекистон аст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG