Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи забон 237 номи "ғайримеъёр"-ро рад кардааст


Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, аз 420 номе, ки имсол аз тарафи волидон барои номгузорӣ ба фарзандон пешниҳод шуд, ин ниҳод танҳо ба 183 ном иҷоза дод. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, аксари номҳои пешниҳодшуда ғайримеъёри забони тоҷикӣ будааст.

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва ислоҳот рӯзи 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, бисёриҳо мехостанд номҳои ғайримеъёр мисли Охун, Амор, Эксмира ва Амелия Отуной Мисрия, Анфиса, гузоранд, ки қобили қабул нестанд.

Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот аз он нигаронӣ карданд, ки номҳое пешниҳод мешаванд, ки дар забони тоҷикӣ собиқа надоранд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, дар сурати гузоштани номе, ки берун аз феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аст, сокинони Тоҷикистон бояд аз Кумитаи забон ва истилоҳот иҷоза бигиранд. Аниқтараш номҳое ки берун аз феҳрастанд аз тарафи комиссияи назди Кумитаи забон омӯхта ва хулоса дода мешавад, ки ин ном бояд гузошта шавад ё на.

Ҳамчунин хонум Шарофзода ба ин суол, ки агар фарзанд шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад ва дар хориҷ таваллуд ва номгузорӣ шавад, ва номаш берун аз феҳрасти номҳои миллӣ бошад, дар сурати бозгашт ба кишвар бояд тағйири ном кунад? гуфт, "бале, номаш бояд бозбинӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муайяншуда гузошта шавад".

Масъулини Кумита мегӯянд, ба шаҳрвандони барои гузоштани номҳои душворталаффуз, номувофиқ ба суннати номгузории тоҷикӣ ва номҳое, ки собиқаи таърихӣ дар забони тоҷикӣ надоранд ва аз забонҳои гуногуни дунё гирифта шудаанд, иҷоза дода намешавад.

Гурӯҳи мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳи Тоҷикистон дар соли 2015 "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ"-ро, ки аз чор ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ иборат буд, омода карданд. Ин феҳрист як сол баъд ба нашр расид.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG