Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогерҳо: "Танҳо хостем воқеиятро бигӯем". ВИДЕО


Рустам Ашӯров, блогнависи тоҷик.

Блогерҳои тоҷик, ки барои нашри навори сербинанда дар "бораи занҳои сабукпо", муттаҳам мешаванд, мегӯянд, фақат хостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори таҷрибавӣ ва сербинанда дар шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи кору зиндагии ин занон "ғайриахлоқӣ" хонд ва 4 ҷавонеро, ки дар сабту нашри он ширкат кардаанд, ба паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам кард.

Рустам Ашуров яке аз ин ҷавонон аст. Сабти навор бо ин занон ва сӯҳбат бо онҳо дар бораи нарху наво ва шароити хизматрасонӣ идеяи Рустам буд. Ин блогери тоҷик мегӯяд, онҳо аз қабл медонистанд, ки ин навор дар ҷомеа дар баробари бинанда, вокуниши зиёд ва ҳатто тунд ба бор меорад, вале интизори кашидани корашон то додгоҳро надоштанд.

Рустам мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наворҳои беобрӯкунандаи занон бо чеҳраҳояшон нашр шудааст, ки касе то ҳол барои он муҷозот нашуда буд. "Чандин духтаронро, ки шавҳаронашон дар Русия аст, бо мардони дигар сабт карда, дар интернет партофтанд. Чеҳраҳо ва номашон дар навор аст. Занро ҳатто баъд аз ин мезананд. Вале муаллифони ин наворҳо ошкору боздошт нашуданд. Агар муаллифони ин наворҳо муҷозот мешуданд, мо ҳам шояд зимни ин сабт фикр мекардем",-афзуд ӯ.

Блогерҳои тоҷик мегӯянд, ки ҷинояте содир накардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Ду ҳафта пеш Рустам ва дӯстонаш бо ҳадафи анҷом як навори таҷрибавӣ, занҳоеро, ки аз онҳо "фоҳиша" ном мебурданд, дар хиёбонҳои пойтахт савори мошин карда, аз онҳо дар бораи нарху хизматрасониашон пурсон шуданд. Онҳо ҳамчунин ба занон маблағ пешниҳод карда, хостаанд он шаб кор накунанд ва ба хона назди фарзандонаш баргарданд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин амали блогерон гуфта шудааст, "ба истилоҳ блогерон... бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои пулӣ ба таҳияи барномаҳои интернетӣ даст зада, бо вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва этикаи касбии журналистӣ ба паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон чунин тарзи фаъолиятро ба роҳ мондаанд".

Аммо Рустам Ашуров, блогери тоҷик мегӯяд, ҳадаф аз сабти ин навор тағйири муносибат бо чунин занон барои тарки ин кор ба онҳо кӯмак кардан ва ҳамчунин рушди видеоблогинг дар Тоҷикистон буд, на беобрӯ сохтани занон ва паст задани шаъну шарафи онҳо.

"Мо ҳангоми танзим кӯшиш кардем, ки чеҳраи духтарон намоён набошад, баданашон дар навор дида мешуд, вале чеҳраҳо пӯшида буданд. Зеро мақсади мо паст задани шаъну шараф ё беобрӯ кардани онҳо набуд. Мо ҳатто дар Ютуб ҳамон бахшеро, ки мешавад аз бинандаи зиёд пул ба даст овард, хомӯш кардем. Мо аз ин видео ягон тин кор накардаем".

Ба гуфтаи Рустам, навор шаби 17-18 уми июл дар хиёбони 46 ва маҳалли наздик ба Театри ҷавонон сабт шудааст. Дар як шаб ин наворро дар саҳфаи блогерҳо, 180 ҳазор нафар тамошо карда, баъди дақиқан 17 соат пас аз нашри видео, блогерҳо ба Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе даъват ва бозпурсӣ шудаанд.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси тоҷик.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ба онҳо гуфтаанд 6 зане, ки дар навор садояшон шунида мешавад, барои паст задани шаъну шарафи худ, шикоят кардаанд. Дар мулоқоти рӯ ба рӯ ҳам ин занон ба блогерон ҳаминро таъкид кардаанд. "Яке мегуфт, ман шавҳар дорам, шавҳарам маро талоқ кард. Дувумаш гуфт, ман фарзанди бистучанд сола дорам, ҷӯраҳош дидаст, фарзандам маро оқ мекунад. Сеюмаш мегуфт, агар туйи фарзандони ман вайрон шавад, ҳаёти туро месӯзонам. Яъне, мехостанд бигӯянд, ки гӯё хонаводаашон то он замон аз кори онҳо бехабар буд. Агар ҳам касе онҳоро шинохт, шояд як ду шиносу муштариёнашон буд", мегӯяд Рустам Ашуров, блогери тоҷик.

Бо он, ки блогерҳо дар амали худ ягон ҷинояте намебинанд, аммо мегӯянд, ҷое ҳам шикоят нахоҳанд бурд ва ҳозиранд ба ҳар ҳукме нисбаташон содир шавад, ҷавоб бигӯянд. Нисбати онҳо бо моддаи 144-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонун барои "ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот дар оид ба ҳаёти шахсӣ", аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё як сол бо ҷалб ба корҳои ислоҳӣ, ҷазо пешбинӣ мекунад.

Аммо ин навор ва бархӯрди мақомот ба он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Ин қазия ҳам баҳси ҳимоягар доштани танфурӯшон дар миёни милисаҳоро доғ кард. Аксари корбарони интернет ба ин айбе, ки ба блогерони ҷавон нисбат дода мешавад, норозиянд ва мегӯянд, мақомот бояд ба ҷойи парвандаи ҷиноӣ ба ҷавонон, ба мушкили танфурӯшӣ ва аз байн бурдани ин падида бештар таваҷҷӯҳ мекард.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, "модае, ки ба ҷавонон нисбат дода мешавад, аслан ба кори кардаи онҳо мутобиқ нест. Дар ин мавод ягон сиру асрори фошшудаи занонро дида намешавад. На ному насаби пурра, на ҷои истиқомат, на зиндагии оилавии онҳо нест. Ин сабт дар вақти кории онҳо, вақти ба даст овардани даромад сурат гирифтааст, даромаде, ки ғайриқонунӣ аст ва бояд нисбати он чораи маъмурӣ пешбинӣ шавад".

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон ҳам бар ин бовар аст, ки блогерҳо набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо фақат бо ин навор як мушкили ҷомеаро нишон додан мехостанд ва ин ҳақро ҳам доштанд.

"Албатта онҳо касбӣ нестанд, ки навори касбиеро сабту нашр кунанд. Дар баъзе ҷойҳо иштибоҳ ҳаст, ҷумлаҳо дар ҷояшон нест, лекин ман фикр мекунам дар ин ҳолат ин муҳим нест, чунки давлат демократӣ ҳаст ва ҳама ҳуқуқи озоди ибрози ақида доранд ва Пешвои миллат низ дар паёмҳо таъкид мекунад. Зерсохторҳо низ албатта, бояд ин масъаларо тавре ҳал кунанд, ки мо ҷомеаро ноором накунем ва духӯрагӣ дар фаҳмиши мардум наафтад".

Кори блогер ва хабарнигорони мардумӣ ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, аз ошкор гуфтану намоиши мушкилу мавзӯъҳои доғи ҷомеа иборат аст. Аммо пас аз ин қазия бархе ба ин боваранд, ки блогерҳо дар Тоҷикистон дар иҷрои ин кори худ худсонсурӣ хоҳанд кард ва эҳтиёткор мешаванд.

Рустам Ашӯров, яке аз муаллифони навори ҳангомасоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст, мегӯяд, аз ин ба баъд ҳам ба сабту нашри видео дар мавзӯъҳои мухталиф идома медиҳад, аммо акнун бештар бо машварати ҳуқуқшиносон корашро анҷом хоҳад дод.

Шарҳҳоро бинед (39)

XS
SM
MD
LG