Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Москва ширкатдорони эътирози рӯзи шанберо ҳабс мекунанд


Дар шаҳри Москваи Русия ширкатдорони иқдоми эътирозии рӯзи шанберо ҳабс мекунанд, ки бо талаби роҳ додани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси Москва ба кӯча баромада буданд.

Миёни боздоштшудаҳо ҳам ширкатдорони иқдоми эътирозӣ ҳастанд ва ҳам номзадҳои сабтиномнашуда, ки пулис онҳоро пеш аз шурӯи иқдом боздошт карда буд. Иля Яшин, яке аз номзадҳои сабтиномнашударо ба додгоҳи ноҳияи Шербини Москва бурданд. Расонаҳо менависанд, ҳафтаи ҷорӣ 22 додгоҳи шаҳри Москва ба муҳокимаи боздоштшудаҳо машғул мешавад.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар иқдоми рӯзи шанбе пулис ва гвардияи Русия 1373 касро боздошт кард, ки 150 тани онҳо ду шаб дар шуъбаҳои пулис нигаҳдорӣ ва баъдан ба додгоҳҳо бурда шуданд. Хабар дода мешавад, нисбати яке аз боздоштшудаҳо бо айби ҳамла ба пулис парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.

Ба иттилои шоҳидон, миёни боздоштшудаҳо роҳгузарони бетараф низ ҳастанд, ки дар иқдом ширкат надоштанд. Бештар аз 70 тани ширкатдорони иқдоми эътирозӣ дар ҳамлаи пулис маҷруҳ шуданд.

Иттиҳоди Аврупо ва созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International боздошти эътирозгаронро дар Москва маҳкум карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG