Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 нафар бар асари чаппа шудани кӯҳпора дар кони тиллои Шугнов


Бар асари чаппа шудани кӯҳпора дар кони "Тиллои тоҷик"-и Шугнови Ховалинг, ду нафар ҷон бохта, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст. Айни ҳол ҷасадҳои қурбониёни ҳодисаро аз зери кӯҳпора берун оварда, ба наздиконашон супурдаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи душанбеи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса баъд аз зӯҳри 27-уми июл рух додааст. Ба гуфтаи вай, дар ин ҳодиса Бобоҷон Файзуллоев ва Дилшод Худоиев, сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Панҷ, ба ҳалокат расиданд.

Манбаъ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки тибқи тафтишоти ибтидоӣ, ҳангоми кор кӯҳ фурӯ меравад ва се нафар зери сангу хок мемонанд. "Тибқи нақли дигар кормандон, ҳангоми чаппа шудан, дигарон фирор мекунанд. Аз он сабаб, ки инҳо дарунтар будаанд, фурсат намеёбанд, ки фирор кунанд. Нафаре, ки маҷрӯҳ ҳаст, фирор кардааст. Рӯзи 27-уми июн ҷасадҳоро то нимашаб кофта, пайдо карданд ва аз ташхис гузаронида, дирӯз ба наздиконаш супориданд",-гуфт манбаъ.

Ин барои бори аввал нест, ки сокинон ҳангоми кор дар конҳои тиллои Шугнов ба ҳалокат мерасанд. Соли гузашта бародарон Тоҳир Маҳмадов (1979) ва Дилшод Маҳмадов (1986) баъди чанд соат ҷустуҷӯи наҷотдиҳандагон, аз зери хок берун оварда шудаанд. Ин бародарон низ ҳангоми кор зери кӯҳ монда буданд.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар ҳоли ҳозир ду ширкат тариқи техника ба ҷустуҷӯи тилло машғуланд. Аммо дар баробари ин, беш аз ҳазор сокини Ховалинг ва дигар ноҳияҳои вилоят дар ин мавзеъ тариқи даст низ тилло ҷустуҷӯ мекунанд ва аз ин роҳ зиндагиашонро мечархонанд.

Қаблан як мақоми ноҳияи Ховалинг гуфта буд, ки кони Шугнов бештари сокинонро бо ҷои кор таъмин кардааст ва аҳолии ҷамоати Шугнов барои кор ба Русия намераванд. Аммо як сокини Шугнов гуфт, пайдо кардани тилло дар пайи ранҷи зиёд ба даст меояд. Ба гуфтаи ӯ, тариқи даст шустани регу қуми зиёд ва аз он пайдо кардани миқдори ками тилло, хеле мушкил аст.

Коркарди тиллои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тилои Шугнов аз беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ тиллои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт. Масъулон мегӯянд, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ Шугнов моли қумандонҳо буд ва онҳо аз фаъолияти худ дар ин мавзеъ ба касе ҳисобот намедонанд.

Истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тиллову асъори кишвар мехаранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тилло вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тилло нуҳуфтааст.

Солҳои охир ширкатҳои Чин ба захираҳои қаъри замин дар Тоҷикистон, аз ҷумла конҳои тилло таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. То кунун кони тиллои Сайёд дар ноҳияи Ваҳдат, конҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тилои "Зарафшон" ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG